https://sputnik.tj/20211201/choyguzin-muhojiron-sokhtmon-maskav-1043867236.html
Ҷойгузин ёфт шуд: ба ҷои муҳоҷирон кӣ ба сохтмонҳои Маскав меравад?
Ҷойгузин ёфт шуд: ба ҷои муҳоҷирон кӣ ба сохтмонҳои Маскав меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Ташаббуси нав барои раҳоӣ аз хидмати муҳоҷирон ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисони навкор мусоидат мекунад
2021-12-01T16:10+0500
2021-12-01T16:10+0500
2021-12-01T18:03+0500
муҳоҷират
сохтмон
кор
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/17/1032680015_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_eeb55e73743b29d7b4e109cb571b51c6.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҷойҳои муҳоҷиронро дар сохтмонҳои Русия метавонанд донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои махсус гиранд. Чунин пешниҳод ба муовини нахуствазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ироа шудааст. Ин идея дар Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ изҳор шудааст. Бо ин усул Русия метавонад ду масъалаи муҳим - норасоии коргарон дар сохтмонҳо ва ба қадри кофӣ омода кардани донишҷӯён аз рӯи касбашонро ҳал кунад.Дар Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ бар ин назаранд, ки муассисаҳои олӣ ва миёна вазифадор шаванд, ки ҷавононро ба сохтмонҳо дар доираи таҷрибаи истеҳсолии худ фиристанд. Чунин талабот бояд дар қонун ҷорй карда шавад.Ба гуфти директори муассиса Максим Петунин, мушкили дар давраи таҳсил омода кардани бинокорон доимӣ аст. Кор дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда ба онҳо имкон медиҳад, ки таҷриба андӯхта, ба кор аз рӯи ихтисоси худ омода бошанд. Ҷалби донишҷӯён ба татбиқи нақшаҳои мақомот барои даст кашидан аз хидмати муҳоҷирон мусоидат мекунад. Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дастур дода буд, ки теъдоди хориҷиён дар сохтмонҳои пойтахт коҳиш дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин корҳо бояд “шахсони дигар ва бо маоши дигар” кор кунанд.
https://sputnik.tj/20211117/sobyanin-muhojiron-sokhtmonho-maskav-kam-1043600984.html
https://sputnik.tj/20211118/korshinos-muhojiron-sokhtmon-maskav-1043613922.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/17/1032680015_100:0:1523:1067_1920x0_80_0_0_fee42ceb75ceb528a0b4efb9760b6957.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷойгузин муҳоҷирон сохтмон маскав
ҷойгузин муҳоҷирон сохтмон маскав
Ҷойгузин ёфт шуд: ба ҷои муҳоҷирон кӣ ба сохтмонҳои Маскав меравад?
16:10 01.12.2021 (Навсозишуда: 18:03 01.12.2021) Ташаббуси нав барои раҳоӣ аз хидмати муҳоҷирон ва боло бурдани сатҳи омодасозии мутахассисони навкор мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҷойҳои муҳоҷиронро дар сохтмонҳои Русия метавонанд донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои махсус гиранд. Чунин пешниҳод ба муовини нахуствазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ироа шудааст.
Ин идея дар Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ изҳор шудааст.
Бо ин усул Русия метавонад ду масъалаи муҳим - норасоии коргарон дар сохтмонҳо ва ба қадри кофӣ омода кардани донишҷӯён аз рӯи касбашонро ҳал кунад.
Дар Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ бар ин назаранд, ки муассисаҳои олӣ ва миёна вазифадор шаванд, ки ҷавононро ба сохтмонҳо дар доираи таҷрибаи истеҳсолии худ фиристанд. Чунин талабот бояд дар қонун ҷорй карда шавад.
Ба гуфти директори муассиса Максим Петунин, мушкили дар давраи таҳсил омода кардани бинокорон доимӣ аст. Кор дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда ба онҳо имкон медиҳад, ки таҷриба андӯхта, ба кор аз рӯи ихтисоси худ омода бошанд.
Ҷалби донишҷӯён ба татбиқи нақшаҳои мақомот барои даст кашидан аз хидмати муҳоҷирон мусоидат мекунад.
Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дастур дода буд, ки теъдоди хориҷиён дар сохтмонҳои пойтахт коҳиш дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин корҳо бояд “шахсони дигар ва бо маоши дигар” кор кунанд.