Болоравии қурби рубл ва евро: бозори арзи Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Обуна шудан
Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон каме гарон шудааст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 0.1511 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 150,2 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ, боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.8205 сомонӣ қимат дорад.
Гумпомощь из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Тоҷикистон ба маблағи 82 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
Як рӯз рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7544 сомонӣ медоданд. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медод ва ин аввалин мавриди тақвияти пули аврупоӣ аст.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2946 сомонӣ аст.
Ду асъори аз ҳама фоидаовар номбар шуд: доллар миёни онҳо ҳаст?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2946 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8205 то 13.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1511 то 0.1530 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0