https://sputnik.tj/20211201/barrasii-ijroi-tafohumnomai-kishovarzii-tojikistonu-eron-1043867085.html
Баррасии иҷрои тафоҳумномаи кишоварзии Тоҷикистону Эрон
Баррасии иҷрои тафоҳумномаи кишоварзии Тоҷикистону Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии ин кишвар дар бораи иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории кишоварзии дуҷониба табодули назар карданд
2021-12-01T15:50+0500
2021-12-01T15:50+0500
2021-12-01T17:58+0500
дар тоҷикистон
эрон
сафир
ҳамкорӣ
кишоварзӣ
мулоқот
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043867051_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_9df586fd5b48f64da3636b4ba5723447.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сафҳаи "Инстаграм"-и худ навиштааст, ки бо Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст.Сафири Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст, дар дидор бо вазири тоҷик иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафари сентябри гузаштаи Сайидиброҳими Раисӣ, Раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ба имзо расид, табодули назар карда шуд.Муҳаммадтақии Собирӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки зимни мулоқот тарафҳо тавсеаи заминаҳои ҳамкорӣ ва тақвияти муносиботи Эрон ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи кишоварзиро низ баррасӣ намуданд.Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тарафҳо зимни дидор дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҳифзи растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда, омӯзиши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ибрози назар карданд.Бояд гуфт, тибқи маълумоти оморӣ, тиҷорати миёни Тоҷикистону Эрон дар даҳ моҳи соли равон 74538,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210918/eronu-tojikiston-sanadi-hamkori-imzo-1042349009.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043867051_17:0:2748:2048_1920x0_80_0_0_dfdefd4e281c041324a06814eae3a77f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, кишоварзӣ, сафир, вазир
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, кишоварзӣ, сафир, вазир
Баррасии иҷрои тафоҳумномаи кишоварзии Тоҷикистону Эрон
15:50 01.12.2021 (Навсозишуда: 17:58 01.12.2021) Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии ин кишвар дар бораи иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории кишоварзии дуҷониба табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сафҳаи "Инстаграм"-и худ навиштааст, ки бо Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст, дар дидор бо вазири тоҷик иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафари сентябри гузаштаи Сайидиброҳими Раисӣ, Раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ба имзо расид, табодули назар карда шуд.
Муҳаммадтақии Собирӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки зимни мулоқот тарафҳо тавсеаи заминаҳои ҳамкорӣ ва тақвияти муносиботи Эрон ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи кишоварзиро низ баррасӣ намуданд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тарафҳо зимни дидор дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҳифзи растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда, омӯзиши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ибрози назар карданд.
Бояд гуфт, тибқи маълумоти оморӣ, тиҷорати миёни Тоҷикистону Эрон дар даҳ моҳи соли равон 74538,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.