Эрону Тоҷикистон 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон и Сайид Иброхими Раиси
Эмомали Рахмон и Сайид Иброхими Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Эрон ахиран гуфт, ки дар рӯзи сеюми сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон 8 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо хоҳад расид
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ки Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба анҷом хоҳад дод, сипас ҷонибҳо 8 санади ҳамкорӣ дар ҳузури вазирони ҳарду кишварро имзо хоҳанд кард.
Ба гуфтаи вай, Эрон ва Тоҷикистон санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гардишгарӣ, кор, кооператив ва табодули зиндониёнро имзо хоҳанд кард.
Амир Абдуллоҳиён қайд кард, ки Раисӣ ҳамчунин тасмим дорад аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон дидан намояд, ки яке аз файласуфони бузурги эронӣ Мир Алӣ ибни Шоҳобиддини Ҳамадонӣ дар он ҷо дафн шудааст.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Иброҳим Раисӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Мулоқоти сарони Тоҷикистону Эрон: Раҳмону Раисӣ чиро баррасӣ карданд?
Чанде пеш дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз имзои санадҳои нави ҳамкорӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳими Раисӣ бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.
Таъкид шудааст, ки ба Баёнияи муштараки Президенти Тоҷикистон ва Раиси Эрон Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳими Раисӣ имзо гузоштанд.
Тибқи иттилои манбаъ миёни Тоҷикистону Эрон санадҳои зерин имзо гардид:
1.
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон;
2.
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ;
3.
Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ;
4.
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
5.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор, таовун ва рифоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши техникӣ ва касбӣ;
6.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
7.
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
8.
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.
Лентаи хабарҳо
0