Тоҷикистон мизбони Қаҳрамонии дучархаронии Осиё мешавад

© Дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонШайх Осама Аҳмад Ал-Шафар, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё ҳамроҳи мақомдорони тоҷик дар пеши бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Шайх Осама Аҳмад Ал-Шафар, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё ҳамроҳи мақомдорони тоҷик дар пеши бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Чемпионати Осиё дар риштаи велосипедронӣ моҳи марти соли 2022 дар Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Конфедератсияи велосипедронии Осиё барои баргузор кардани чемпионати Осиё бо Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон шартнома имзо кард.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, баргузории ин қаҳрамонии дучархаронӣ дар шоҳроҳ аз 25 то 28 марти соли 2022 дар назар аст.
Манбаъ афзуд, Шайх Усома Аҳмад Ал-Шафар, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё дар садри як ҳайат дар Тоҷикистон қарор дорад, то ҷой ва шарту шароити баргузории аввалин чемпионати Осиё дар Душанберо муайян созад.
Велосепидист в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Аз мошин ба дучарха: даъвати раиси Кумита аз тоҷикистониён
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ дод, ки велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар масофаи аз 150 то 240 километр ва велосипедронӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар масофаи 22 километр баргузор мешавад. Макони баргузорӣ пас аз хулосаи ҳайати комиссияи техникӣ эълон мегардад, афзуд кумита.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории мусобиқаи мазкур аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти раиси Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Усома Аҳмад Ал-Шафар дар моҳи июни соли равон буд.
Лентаи хабарҳо
0