Аз мошин ба дучарха: даъвати раиси Кумита аз тоҷикистониён

© Sputnik / Амир ИсаевВелосепидист в Душанбе
Велосепидист в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Обуна шудан
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, аз мардуми кишвар даъват намуд, ки аз истифодаи мошин ба дучарха гузаранд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз тағйири иқлиму пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, ҳар нафар бояд корро аз худ оғоз кунад.
Шерализода ниҳоди таҳти идораи худро мисол овард, ки дар саҳни даромадгоҳи Кумита барои велосипедҳо таваққуфгоҳ бунёд намуда, истифодаи дучархаро бар мошин тарҷеҳ медиҳанд.
"Ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мо бояд рондани автомобилро, ки яке аз манбаъҳои асосии ифлосшавии ҳаво ва муҳити зист мебошад, камтар истифода барем", - изҳор доштаст Шерализода дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият".
Ӯ инчунин зарур хонд, ки дар нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ошхонаҳо, шаҳрвандон аз истифодаи маводи яккарата худдорӣ намоянд. Шерализода афзуд, ки ҳамзамон, дар минтақаҳои селфуро корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани каналҳо, насб намудани иншооти муҳофизатӣ, зиёд кардани майдони дарахтзор ва ғайраҳо зарур аст.
Ба иттилои вай, Тоҷикистон аз рӯйи партови гази карбон ба атмосфера дар ҷаҳон ҷойи 135-умро мегирад ва ҳиссаи кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ камтар аз 3 дарсадро ташкил медиҳад, аммо бо вуҷуд дар феҳрасти осебпазиртаринҳо аз тағйирёбии иқлим қарор дорад.
Шерализода Баҳодур Алиҷони, раиси нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикиро манъ мекунад
Дар тавзеҳи зарари тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон, Шерализода зикр намуд, ки баландшавии ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии боришот ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Ӯ бо такя ба ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, иттилоъ додаст, ки давоми солҳои 1992 – 2006 аз ҳисоби ноустувории вазъи ҳаво Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард доллари ИМА хисороти иқтисодӣ дида, зиёда аз 7 миллион нафар аҳолӣ зарар диданд.
Лентаи хабарҳо
0