https://sputnik.tj/20211130/poygoh-rusiya-omodagi-jangi-barobar-1043854657.html
Пойгоҳи 201-и Русия дарси омодагиҳои ҷангиро ду баробар зиёд мекунад
Пойгоҳи 201-и Русия дарси омодагиҳои ҷангиро ду баробар зиёд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳии ҳавзаи низомии марказии Русия раванди омодагиҳои ҷангиро дар пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ду баробар бештар мекунад
2021-11-30T20:30+0500
2021-11-30T20:30+0500
2021-11-30T20:30+0500
амният ва мудофиа
пойгоҳи 201
низомӣ
размоиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237930_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_7ed882dea2a76cb2e8f9c6eaa30eba71.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Пойгоҳи низомӣ аз аввали соли таълимӣ, ки якуми декабр оғоз мешавад, омодагиҳои ҷангиро ду баробар бештар мекунад, хабар дод дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия. Полковник Евгений Охрименко, иҷрокунандаи вазифаи фармондеҳи пойгоҳи 201-ум таъйид кард, ки аз якуми декабр омодагиҳои ҷангӣ афзоиш меёбанд. Барои халабонҳо соатҳои иловагии парвоз зам шудаанд, то шеваҳои мушкили ҳаракат дар шароити кӯҳсорро тамрин намоянд. Таъкид шудааст, ки дар размоишгоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ заминаи моддӣ - техникӣ пурра фароҳам шуда, синфҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Инчунин барои дарсҳои амалӣ беш аз 500 нишони сайёру беҳаракат омода шудаанд, ки нақши худрав, зиреҳпӯш, ҳайати шахсӣ ва маҷмааҳои зиддитанкиро иҷро хоҳанд кард. Қаблан хабар дода шуда буд, дар мавсими зимистон низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ҳудуди 40 размоиш мегузаронанд. Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар мебошад, ки дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе ҷойгир шудааст.
https://sputnik.tj/20211121/shuroi-amniyati-rusiya-fitnai-kiev-hushdor-1043676899.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043237930_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_242c9ce3fc8ec806f839bf8dd32f2e27.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фармондеҳ, русия, раванд, пойгоҳ, дарс
фармондеҳ, русия, раванд, пойгоҳ, дарс
Пойгоҳи 201-и Русия дарси омодагиҳои ҷангиро ду баробар зиёд мекунад
Фармондеҳии Ҳавзаи низомии марказии Русия омодагиҳои ҷангиро дар пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон вусъат медиҳад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Пойгоҳи низомӣ аз аввали соли таълимӣ, ки якуми декабр оғоз мешавад, омодагиҳои ҷангиро ду баробар бештар мекунад, хабар дод дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия.
Полковник Евгений Охрименко, иҷрокунандаи вазифаи фармондеҳи пойгоҳи 201-ум таъйид кард, ки аз якуми декабр омодагиҳои ҷангӣ афзоиш меёбанд.
"Аз ҷумла барои ронандаҳои мошинҳои ҷангӣ ҳудуди ҳазор дарси ронандагӣ гузаронда мешавад, беш аз се ҳазор дарси дигар марбути оташкушоӣ, тактикӣ ва омодагии махсус хоҳад буд", - омадааст дар иттилоия.
Барои халабонҳо соатҳои иловагии парвоз зам шудаанд, то шеваҳои мушкили ҳаракат дар шароити кӯҳсорро тамрин намоянд.
Таъкид шудааст, ки дар размоишгоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ заминаи моддӣ - техникӣ пурра фароҳам шуда, синфҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Инчунин барои дарсҳои амалӣ беш аз 500 нишони сайёру беҳаракат омода шудаанд, ки нақши худрав, зиреҳпӯш, ҳайати шахсӣ ва маҷмааҳои зиддитанкиро иҷро хоҳанд кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, дар мавсими зимистон низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ҳудуди 40 размоиш мегузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар мебошад, ки дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе ҷойгир шудааст.