Оверчук: Тоҷикистон ба мактабҳои русӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад

© SputnikЗаместитель председателя Правительства России Алексей Оверчук в Таджикистане
Заместитель председателя Правительства России Алексей Оверчук в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Обуна шудан
Намояндаи Ҳукумати Русия аз як силсилагуфтугӯҳо хабар дод, вале гуфт, ки сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон муҳимтар аст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук ба хабарнигорон дар бораи ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ қайд кард, ки пеш аз ҳама барои боздид аз мактабҳои дар ҳоли бунёд омадааст.
Оверчук гуфт, зимни мулоқоти ахираш дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон сохтмони мактабҳо аз ҷониби Русия дар қаламрави ҷумҳури ба таври ҷудогона матраҳ шудааст.

"Ӯ ба омузиши забони русӣ дар ҷумҳурӣ диққати хос медиҳад, зеро дар ин ҷо ҳам забон ва ҳам низоми маорифи русро дӯст медоранд ва баҳои баланд медиҳанд. Ӯ хоҳиш кард, ки сохтмони ин панҷ мактаб тасреъ шавад. Мо тамоми тавоноиро ба кор бурдем”, - гуфт сиёсатмадор.

Оверчук афзуд, феълан дар ҳамаи панҷ минтақа кор ҷараён дошта, ҳамкории зич бо ҷониби Тоҷикистон идома дорад.
Намояндаи Ҳукумати Русия афзуд, ки қитъаҳои замини ҷудошуда хеле хуб буда, барои онҳо ҷойҳои мувофиқ ҷудо шудааст.
Школьники Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Маълум шуд, ки Русия барои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо кардааст
Ёдовар мешавем, як ҳайати Русия бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Онро Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия раҳбарӣ мекунад. Дар ҷараёни сафар намояндагони Федератсияи Русия бо рафти сохтмони мактабҳо шинос шуда, як қатор гуфтушунидҳо низ доир хоҳанд кард.
Интизор меравад, ҳамаи панҷ мактабе, ки Русия сохта истодааст, то 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шавад.
Макотиб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд сохта мешаванд. Макотиби навсохт имкони фарогирии 1200 хонандаро дар як вақт доранд.
Лентаи хабарҳо
0