https://sputnik.tj/20211130/mahkumiyat-shahrvand-tojikiston-rohzani-maskav-1043848736.html
Маҳкумияти 8 шаҳрванди Тоҷикистон барои роҳзанӣ дар Маскав
Маҳкумияти 8 шаҳрванди Тоҷикистон барои роҳзанӣ дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи вилояти Маскав 8 шаҳрванди Тоҷикистонро барои даст доштан дар ҳолатҳои роҳзанӣ ба муҳлати аз 8,5 сол то 16 сол равонаи зиндон кардааст
2021-11-30T16:40+0500
2021-11-30T16:40+0500
2021-11-30T19:35+0500
муҳоҷират
маскав
қарори додгоҳ
қарор
муттаҳам
муҳоҷир
роҳзанӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_964471ba8a103372d03b9f09efbdef4a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Туъмаи ҳамлаи маҳкумшудагон соҳибкорони шаҳр ва вилояти Маскав будаанд, хабар додааст додситонии вилоят дар саҳифааш дар "Telegram". Ба иттилои манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки шаш узви ин гурӯҳи мусаллаҳ ба роҳзанӣ машғул шуда, ба хонаҳои соҳибкорон дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав ҳамла мекардаанд. Таъкид шудааст, ки онҳшо дар ин дуздиҳо аз силоҳи оташфишон, газӣ ва ҷароҳатрасон истифода кардаанд. Дар маҷмуъ зарари расонидашуда аз ҷониби ин гурӯҳ, ки ашёи гаронарзишу маблағҳоро мерабудаанд, 11,5 миллион рубл арзёбӣ шудааст. Зикр гаштааст, ки бо назардошти мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ додгоҳ муттаҳамонро гунаҳкор дониста, онҳоро аз 8 солу 6 моҳ то 16 сол маҳкум ба зиндон намудааст. Таъкид шудааст, ки ин муҳлатро маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сангин паси сар хоҳанд кард. Феълан ин қарор ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст, илова намуд додситонии Маскав. Қаблан мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии кишвар даъват намуда буданд, ки қонунҳои кишвари ҳузурашонро риоя ва урфу одатҳои мардуми бумиро эҳтиром кунанд.
https://sputnik.tj/20211115/marg-jarohat-muhojir-irkutsk-saforati-tojikiston-1043546233.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_a2637a637799901b2fe4df03466c7370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, додгоҳ, қарор, муҳоҷир, роҳзанӣ
маскав, додгоҳ, қарор, муҳоҷир, роҳзанӣ
Маҳкумияти 8 шаҳрванди Тоҷикистон барои роҳзанӣ дар Маскав
16:40 30.11.2021 (Навсозишуда: 19:35 30.11.2021) Додгоҳи вилояти Маскав ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро барои даст доштан дар ҳолатҳои роҳзанӣ аз 8,5 сол то 16 сол зиндонӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Туъмаи ҳамлаи маҳкумшудагон соҳибкорони шаҳр ва вилояти Маскав будаанд, хабар додааст додситонии вилоят дар саҳифааш дар "
Telegram".
Ба иттилои манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки шаш узви ин гурӯҳи мусаллаҳ ба роҳзанӣ машғул шуда, ба хонаҳои соҳибкорон дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав ҳамла мекардаанд.
Таъкид шудааст, ки онҳшо дар ин дуздиҳо аз силоҳи оташфишон, газӣ ва ҷароҳатрасон истифода кардаанд.
Дар маҷмуъ зарари расонидашуда аз ҷониби ин гурӯҳ, ки ашёи гаронарзишу маблағҳоро мерабудаанд, 11,5 миллион рубл арзёбӣ шудааст.
Зикр гаштааст, ки бо назардошти мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ додгоҳ муттаҳамонро гунаҳкор дониста, онҳоро аз 8 солу 6 моҳ то 16 сол маҳкум ба зиндон намудааст. Таъкид шудааст, ки ин муҳлатро маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сангин паси сар хоҳанд кард. Феълан ин қарор ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст, илова намуд додситонии Маскав.
Қаблан мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии кишвар даъват намуда буданд, ки қонунҳои кишвари ҳузурашонро риоя ва урфу одатҳои мардуми бумиро эҳтиром кунанд.