https://sputnik.tj/20211115/marg-jarohat-muhojir-irkutsk-saforati-tojikiston-1043546233.html
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи тафтишотии Русия қазияи марги ду ва ҷароҳати панҷ нафар дар майдони сохтмонӣ дар маҳаллаи Зеларински вилояти Иркутскро таҳқиқ мекунад. Қурбониёни ин... 15.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-15T11:11+0500
2021-11-15T11:11+0500
2021-11-16T11:44+0500
муҳоҷират
сафорат
куштор
кумитаи тафтишотӣ
сӯхтор
дар русия
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102793/29/1027932906_0:3:1920:1083_1920x0_80_0_0_6eee71018fa1d32155e17cd76fdaba10.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раёсати тафтишоти вилояти Иркутск аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд, хабар дод ТАСС. Ба иттилои манбаъ, шоми 12-уми ноябр миёни гурӯҳе аз сохтмончиён ва сокинони маҳаллӣ муноқиша рух додааст, ки баъдан ба задухӯрд печидааст. Манбаъ афзуд, ки ҳамаи иштирокдорони қазия - ҳудуди 10 нафарро ба идораи пулис оварда, таҳқиқ барои муайянсозии дастандаркорони эҳтимолии дигари ин ҷиноят идома дорад. Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия, (одамкушӣ) парванда оғоз гардидааст. Сохтмончиён шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, вобаста ба муноқиша миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҳамкорӣ мебошад.Таъкид шудааст, ки барои пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодиса кормандони консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд.Сафорат афзудааст, ки барои гузаронидани тафтишоти одилона ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ талош мекунанд.
https://sputnik.tj/20211114/reyd-muhojiron-maskav-shikoyat-1043539399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102793/29/1027932906_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_a2b107e9245412af4870a4ae1344bd3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, сафорат, куштор, кумитаи тафтишотӣ, сӯхтор, дар русия, ҳалокат
муҳоҷират, сафорат, куштор, кумитаи тафтишотӣ, сӯхтор, дар русия, ҳалокат
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
11:11 15.11.2021 (Навсозишуда: 11:44 16.11.2021) Кумитаи тафтишотии Русия қазияи марги ду ва ҷароҳати панҷ нафар дар майдони сохтмонӣ дар маҳаллаи Зеларински вилояти Иркутскро таҳқиқ мекунад. Қурбониёни ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раёсати тафтишоти вилояти Иркутск аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд, хабар дод ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, шоми 12-уми ноябр миёни гурӯҳе аз сохтмончиён ва сокинони маҳаллӣ муноқиша рух додааст, ки баъдан ба задухӯрд печидааст.
"Дар идома афроди номаълум вагонҳои истиқоматии сохтмончиёнро оташ задаанд, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигари маҷрӯҳ барои ёрии тиббӣ муроҷиат намудаанд", - иттилоъ додаанд мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ.
Манбаъ афзуд, ки ҳамаи иштирокдорони қазия - ҳудуди 10 нафарро ба идораи пулис оварда, таҳқиқ барои муайянсозии дастандаркорони эҳтимолии дигари ин ҷиноят идома дорад.
Таъкид шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия, (одамкушӣ) парванда оғоз гардидааст.
Сохтмончиён шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, вобаста ба муноқиша миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҳамкорӣ мебошад.
Таъкид шудааст, ки барои пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодиса кормандони консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд.
Сафорат афзудааст, ки барои гузаронидани тафтишоти одилона ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ талош мекунанд.