https://sputnik.tj/20211129/imorot-mansabdoroni-afghoniston-1043818522.html
Иморот ба мансабдорони фирории Афғонистон: дар ин ҷо корҳои сиёсӣ накунед
Иморот ба мансабдорони фирории Афғонистон: дар ин ҷо корҳои сиёсӣ накунед
Sputnik Тоҷикистон
Имороти Муттаҳидаи Араб раисиҷумҳури фирорӣ ва дигар сиёсатмадорони собиқи Афғонистонро, ки дар ин кишвар зиндаги доранд, аз сиёсат манъ кардааст
2021-11-29T10:10+0500
2021-11-29T10:10+0500
2021-11-29T17:32+0500
сиёсат
афғонистон
ашраф ғанӣ
ато муҳаммади нур
амороти муттаҳидаи араб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746672_0:288:3129:2048_1920x0_80_0_0_fb0824913e32ca9a936198a3625267af.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тамоми сиёсатмадорони собиқи Афғонистонро, ки дар Дубай ва шаҳрҳои дигар муқиманд, аз фаъолиятҳои сиёсӣ манъ кардааст. Дар ин бора Башир Аҳмад Қосонӣ дар сафҳаи "Твиттер" навиштаастБар асоси ин гузориш, ин фармон Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва Ато Муҳаммади Нурро низ шомил мешавад.Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳоле мақомҳои пешини Афғонистонро аз корҳои сиёсӣ манъ кардааст, ки сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии толибон дар Қатар ба сар мебарад.Ёдовар мешавем, ҳукумати қаблии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди ҷангҷӯёни толиб дар санаи 15 август ба Кобул суқут кард.Худи президент бо чанд афроди наздик ба худаш ба иморот фирор кард ва ба иттилои расонаҳо, бо худ садҳо миллион долларро ҳам бурдааст.Сиёсатмадорони дигари пешин аз қабили Ато Муҳаммад Нур ҳарчанд барои мубориза бо толибон изҳори омодагӣ мекард, аммо истодагарияш танҳо чанд соат давом кард.Ӯ низ пас аз вуруди толибон ба Мазори Шариф нахуст ба Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Дубай рафт.Нур, Дустум ва чанд сиёсатмадори дигари пешин, ки дар иморот қарор доранд, ахиран аз рӯйи кор омадани як ҷабҳаи дигари муқовимат хабар дода буданд, аммо дигар то кунун дар бораи фаъолияти ин сиёсатгарони пешин хабаре нест.
https://sputnik.tj/20211009/sobiq-sarmuhofiz-raisijumhur-ghani-million-dollar-1042743495.html
афғонистон
амороти муттаҳидаи араб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746672_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_9b498cd5bb2d915c49617495194cdb3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иморот мансабдорон фирорӣ афғонистон
иморот мансабдорон фирорӣ афғонистон
Иморот ба мансабдорони фирории Афғонистон: дар ин ҷо корҳои сиёсӣ накунед
10:10 29.11.2021 (Навсозишуда: 17:32 29.11.2021) Имороти Муттаҳидаи Арабӣ раисҷумҳури фирорӣ ва дигар сиёсатмадорони собиқи Афғонистонро, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, аз фаъолияти сиёсӣ манъ кардааст
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тамоми сиёсатмадорони собиқи Афғонистонро, ки дар Дубай ва шаҳрҳои дигар муқиманд, аз фаъолиятҳои сиёсӣ манъ кардааст.
Дар ин бора Башир Аҳмад Қосонӣ дар сафҳаи "Твиттер" навиштааст
Бар асоси ин гузориш, ин фармон Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва Ато Муҳаммади Нурро низ шомил мешавад.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳоле мақомҳои пешини Афғонистонро аз корҳои сиёсӣ манъ кардааст, ки сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии толибон дар Қатар ба сар мебарад.
Ёдовар мешавем, ҳукумати қаблии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди ҷангҷӯёни толиб дар санаи 15 август ба Кобул суқут кард.
Худи президент бо чанд афроди наздик ба худаш ба иморот фирор кард ва ба иттилои расонаҳо, бо худ садҳо миллион долларро ҳам бурдааст.
Сиёсатмадорони дигари пешин аз қабили Ато Муҳаммад Нур ҳарчанд барои мубориза бо толибон изҳори омодагӣ мекард, аммо истодагарияш танҳо чанд соат давом кард.
Ӯ низ пас аз вуруди толибон ба Мазори Шариф нахуст ба Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Дубай рафт.
Нур, Дустум ва чанд сиёсатмадори дигари пешин, ки дар иморот қарор доранд, ахиран аз рӯйи кор омадани як ҷабҳаи дигари муқовимат хабар дода буданд, аммо дигар то кунун дар бораи фаъолияти ин сиёсатгарони пешин хабаре нест.