https://sputnik.tj/20211009/sobiq-sarmuhofiz-raisijumhur-ghani-million-dollar-1042743495.html
Муҳофизи собиқи раисҷумҳур гуфт, сабти фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дорад
Муҳофизи собиқи раисҷумҳур гуфт, сабти фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ сармуҳофизи Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон изҳор доштаст, ки далели фирори ӯ бо миллионҳо долларро дар даст дорад
2021-10-09T19:55+0500
2021-10-09T19:55+0500
2021-10-11T12:11+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
ашраф ғанӣ
пул
муҳофизат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746672_0:288:3129:2048_1920x0_80_0_0_fb0824913e32ca9a936198a3625267af.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Пироз Ато Шарифӣ, роҳбари собиқи муҳофизони раисҷумҳури Афғонистон, изҳор доштааст, ки сабти фирори Ғанӣ бо садҳо миллион долларро дорад. Ӯ изҳор доштаст, ки ин наворҳои дастгоҳҳои назоратии Қасри раисҷумҳури Афғонистон мебошанд, навиштааст Daily Mail аз қавли собиқ сармуҳофиз. Шарифӣ изҳор доштааст, ки ин далоилро танҳо баъди қарор гирифтанаш дар ҷои амн ҳамрасонӣ хоҳад кард. Таъкид шудааст, ки собиқ сармуҳофиз натавонистааст, саривақт аз Афғонистон берну шавад ва феълан аз ҷангиёни "Толибон"* дар дохили кишвар пинҳон шудааст. Бар асоси эълони ҷустуҷӯи Шарифӣ, ӯ бо худ ҳудуди 300 мил силоҳ доштааст, аммо ӯ ин иддаоо рад кардаст. Барои итттилоъ дар мавриди макони будубоши Шарифӣ, як миллион афғонӣ, ҳудуди 11 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда кардаанд. Ин иддаои нашршуда аз қавли собиқ сармуҳофизи раисҷумҳури Афғонистон дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул тарки кишвар намуд. Ӯ хабарҳои бо худ бурдани миллионҳо долларро рад кард. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211009/kushta-zakhmi-shikast-tolibon-khuji-andarobho-1042741508.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746672_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_9b498cd5bb2d915c49617495194cdb3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
собиқ, сармуҳофиз, раисҷумҳур, афғонистон, доллар
собиқ, сармуҳофиз, раисҷумҳур, афғонистон, доллар
Муҳофизи собиқи раисҷумҳур гуфт, сабти фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дорад
19:55 09.10.2021 (Навсозишуда: 12:11 11.10.2021) Сармуҳофизи союиқи Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон изҳор доштааст, ки далели фирори ӯ бо миллионҳо долларро дар даст дорад
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Пироз Ато Шарифӣ, роҳбари собиқи муҳофизони раисҷумҳури Афғонистон, изҳор доштааст, ки сабти фирори Ғанӣ бо садҳо миллион долларро дорад. Ӯ изҳор доштаст, ки ин наворҳои дастгоҳҳои назоратии Қасри раисҷумҳури Афғонистон мебошанд, навиштааст Daily Mail аз қавли собиқ сармуҳофиз.
Шарифӣ изҳор доштааст, ки ин далоилро танҳо баъди қарор гирифтанаш дар ҷои амн ҳамрасонӣ хоҳад кард. Таъкид шудааст, ки собиқ сармуҳофиз натавонистааст, саривақт аз Афғонистон берну шавад ва феълан аз ҷангиёни "Толибон"* дар дохили кишвар пинҳон шудааст.
Бар асоси эълони ҷустуҷӯи Шарифӣ, ӯ бо худ ҳудуди 300 мил силоҳ доштааст, аммо ӯ ин иддаоо рад кардаст. Барои итттилоъ дар мавриди макони будубоши Шарифӣ, як миллион афғонӣ, ҳудуди 11 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда кардаанд.
Ин иддаои нашршуда аз қавли собиқ сармуҳофизи раисҷумҳури Афғонистон дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул тарки кишвар намуд. Ӯ хабарҳои бо худ бурдани миллионҳо долларро рад кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар