https://sputnik.tj/20211129/final-jomi-tojikiston-istiqlol-mehmon-zurozmoi-1043836350.html
Финали Ҷоми Тоҷикистон: "Истиқлол" дар меҳмонӣ бо "Хуҷанд" зӯрозмоӣ мекунад
Финали Ҷоми Тоҷикистон: "Истиқлол" дар меҳмонӣ бо "Хуҷанд" зӯрозмоӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тими "Истиқлол" дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол бо дастаи "Истиқбол" сабқат хоҳад кард
2021-11-29T21:00+0500
2021-11-29T21:00+0500
2021-11-29T21:06+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
душанбе
хуҷанд
футбол
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/15/1031932370_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_0e43929cf68ec694528b9706272faedc.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Финали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол - 2021 рӯзи 9-уми декабр дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлол" - и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Ин зӯрозмоӣ миёни қаҳрамони Тоҷикистон - тими "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати кишвар - дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар назар аст, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ. Манбаъ зикр намуд, ки дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон - 2021 дастаи "Истиқлол" бар "Эсхата" бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид ва натиҷаи ҳар ду бозияшон бо ҳисоби 7:3 ба фоидаи тими Душанбе анҷом ёфт. Таъкид гардид, ки голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома ба ҳадаф расонданд. Зикр гардид, ки дар бозии дигари нимфинал "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирокаш дар Ҷоми Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Кумитаи миллӣ далели роҳёбии дастаи "Хуҷанд" ба финалро пирӯзии калонаш дар боозии аввал хонд, ки бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардида буд.Манбаъ зикр намуд, ки дар финалҳои Ҷоми Тоҷикистон тимҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" ду бор майдондорӣ кардаанд, ки якеаш соли 2010 бо пирӯзии тими Душанбе бо ҳисоби 5:0 ва дигаре соли 2017 бо пирӯзии дастаи тими Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон намуд, ки дастаи "Истиқлол" дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба - 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва "Хуҷанд" чор маротиба -1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 дар Ҷоми Тоҷикистон ғолиб гардид.
https://sputnik.tj/20211129/futbolboz-tojik-persipolis-g-bozi-1043826057.html
душанбе
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/15/1031932370_0:0:1091:818_1920x0_80_0_0_33bec079a130a931360687c4a01f6c99.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
футбол, хуҷанд, истиқлол, даста, ҷоми тоҷикистон
футбол, хуҷанд, истиқлол, даста, ҷоми тоҷикистон
Финали Ҷоми Тоҷикистон: "Истиқлол" дар меҳмонӣ бо "Хуҷанд" зӯрозмоӣ мекунад
21:00 29.11.2021 (Навсозишуда: 21:06 29.11.2021) Тими "Истиқлол" дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол бо дастаи "Хуҷанд" сабқат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Финали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол - 2021 рӯзи 9-уми декабр дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлол" - и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Ин зӯрозмоӣ миёни қаҳрамони Тоҷикистон - тими "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати кишвар - дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар назар аст, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ зикр намуд, ки дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон - 2021 дастаи "Истиқлол" бар "Эсхата" бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид ва натиҷаи ҳар ду бозияшон бо ҳисоби 7:3 ба фоидаи тими Душанбе анҷом ёфт. Таъкид гардид, ки голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома ба ҳадаф расонданд.
Зикр гардид, ки дар бозии дигари нимфинал "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирокаш дар Ҷоми Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Кумитаи миллӣ далели роҳёбии дастаи "Хуҷанд" ба финалро пирӯзии калонаш дар боозии аввал хонд, ки бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардида буд.
Манбаъ зикр намуд, ки дар финалҳои Ҷоми Тоҷикистон тимҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" ду бор майдондорӣ кардаанд, ки якеаш соли 2010 бо пирӯзии тими Душанбе бо ҳисоби 5:0 ва дигаре соли 2017 бо пирӯзии дастаи тими Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.
Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон намуд, ки дастаи "Истиқлол" дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба - 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва "Хуҷанд" чор маротиба -1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 дар Ҷоми Тоҷикистон ғолиб гардид.