https://sputnik.tj/20211129/berdimuhammadova-aks-bonu-avval-turkumaniston-1043825193.html
Бердимуҳаммадова чӣ гуна аст: акси бонуи аввали Туркманистон интернетро "тарконд"
Бердимуҳаммадова чӣ гуна аст: акси бонуи аввали Туркманистон интернетро "тарконд"
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Туркманистон бори нахуст бонуи аввали туркманистонро нишон дод
2021-11-29T14:31+0500
2021-11-29T14:31+0500
2021-11-29T19:04+0500
раҷаб тайиб эрдуғон
туркманистон
ҳамсар
қурбонқулӣ бердимуҳаммадов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043823537_0:189:2971:1860_1920x0_80_0_0_3504104f2fa2624664ebd0848d2bf8f2.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бори аввал дар расонаҳо акси бонуи аввали Туркманистон Огулгерек Бердимуҳамедова пайдо шуд. Тасвирро нашрияи "Sondakika" нашр кардааст. Пеш аз ин ҷаҳон намедонист, ки зани президенти ҷумҳурӣ чӣ гуна аст.Бонуи аввали кишвар ҳангоми зиёфати ташкилкардаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, пас аз мулоқот бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба дурбини аксбардорон афтод.Қаблан наворбардоре, ки навори ҷашнро гирифта буд, махсус ба ҳамсари раисҷумҳури Туркманистон таваҷҷуҳ накарда буд. Дар зиёфат ба ҷуз сарвари Туркия ҳамсараш Амина Эрдуғон низ ширкат дошт.Баъдтар оилаи Бердимуҳаммадовҳо бо меҳмонон барои хотира аксбардорӣ карданд. "Sondakika" якбора ду расмро пешкаш кард. Дар яке аз онҳо метавон хонуми аввали Туркманистонро бубинед. Қаблан расонаҳои ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ акси Бердимуҳаммадоваро нашр накарда буданд. Зимни гузоришҳо сарвари давлатро аксари вақт дар иҳотаи фарзандону наберагон нишон медиҳанд ва ҳамсараш ҳамеша пушти парда меистод.Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар Ишқобод 15-умин нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор шуда буд, ки дар он сарони кишварҳои узви ин созмон ширкат доштанд. Миёни онҳо руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо низ ҳастанд.
https://sputnik.tj/20190420/Ziroat-Mirzieva-amsari-prezidenti-Koreyai-anubiro-ba-sbati-mardum-burd-1028720321.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043823537_119:0:2850:2048_1920x0_80_0_0_396fab2b78beabbf8ea0c39ce6d50fdf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бердимуҳаммадова акс бону туркуманистон
бердимуҳаммадова акс бону туркуманистон
Бердимуҳаммадова чӣ гуна аст: акси бонуи аввали Туркманистон интернетро "тарконд"
14:31 29.11.2021 (Навсозишуда: 19:04 29.11.2021) Президенти Туркманистон бори нахуст ҳамроҳи бонуи аввали ин кишвар дар акс зоҳир шуд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бори аввал дар расонаҳо акси бонуи аввали Туркманистон Огулгерек Бердимуҳамедова пайдо шуд. Тасвирро нашрияи "
Sondakika" нашр кардааст. Пеш аз ин ҷаҳон намедонист, ки зани президенти ҷумҳурӣ чӣ гуна аст.
Бонуи аввали кишвар ҳангоми зиёфати ташкилкардаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, пас аз мулоқот бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба дурбини аксбардорон афтод.
Қаблан наворбардоре, ки навори ҷашнро гирифта буд, махсус ба ҳамсари раисҷумҳури Туркманистон таваҷҷуҳ накарда буд.
Дар зиёфат ба ҷуз сарвари Туркия ҳамсараш Амина Эрдуғон низ ширкат дошт.
Баъдтар оилаи Бердимуҳаммадовҳо бо меҳмонон барои хотира аксбардорӣ карданд. "Sondakika" якбора ду расмро пешкаш кард. Дар яке аз онҳо метавон хонуми аввали Туркманистонро бубинед.
Қаблан расонаҳои ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ акси Бердимуҳаммадоваро нашр накарда буданд. Зимни гузоришҳо сарвари давлатро аксари вақт дар иҳотаи фарзандону наберагон нишон медиҳанд ва ҳамсараш ҳамеша пушти парда меистод.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар Ишқобод 15-умин нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор шуда буд, ки дар он сарони кишварҳои узви ин созмон ширкат доштанд.
Миёни онҳо руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо низ ҳастанд.