Штамми "омикрон" ба Русия низ роҳ ёфт

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкЦентр по профилактике и борьбе со СПИДом
Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Обуна шудан
Навъи нави коронавирус бо номи "омикрон" аллакай ба Русия низ роҳ ёфааст
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар Русия аллакай беморони гирифтори штамми нави коронавирус -"омикрон" мавҷуданд, гуфтааст сенатор Владимир Кругли ба РИА Новости.
"Штамми омикрон ба эҳтимоли зиёд дар Русия вуҷуд дорад. Манбаи паҳншавии он мардуми мост, ки ба Миср сафар карда буданд", - гуфт ӯ.
Номбурда тааб намуд, ки то пурра омӯхта шудани ин навъ парвозҳо аз Русия самти Арабистон баста шаванд.

Омикрон-штамм SARS-CoV-2

Чанд рӯз пеш олимон хабар доданд, ки дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ як штамми нави коронавируси B.1.1.529 пайдо шудааст.
Люди в масках напротив граффити в Ухане почти год после начала пандемии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Чин дар пешорӯи авҷи бузурги коронавирус қарор дорад
Бино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, дар Африқои Ҷанубӣ тақрибан сад нафар гирифторони ин навъ коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Дар Ҳонконг, Исроил, Белгия, Чехия, Олмон, Британияи Кабир, Италия, Австралия ва инчунин, эҳтимолан, дар Нидерландия ва Австрия низ мубталоёни ин дард мавҷуданд.
Зимнан, СММ дар як нишасти изтирорӣ рӯзи ҷумъа ин навъ коронавирусро нигаронкунанда гуфт ва номашро "омикрон" номид.
Феълан, Иттиҳодияи Аврупо ва бисёре аз кишварҳои дигар сафар ба давлатҳои Африқоро мамнӯъ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0