Чин дар пешорӯи авҷи бузурги коронавирус қарор дорад

© REUTERS \ Aly SongЛюди в масках напротив граффити в Ухане почти год после начала пандемии
Люди в масках напротив граффити в Ухане почти год после начала пандемии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Обуна шудан
Олимони Донишгоҳи Пекин пешгӯӣ намуданд, ки пас аз лағви маҳдудиятҳо авҷи бузурги коронавирус дар Чин сар мезанад
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тибқи пажӯҳиши як гурӯҳи олимони Донишгоҳи Пекин, ки дар ҳафтаномаи China CDC Weeks нашр шудааст, хориҷ шудани Чин аз сиёсати таҳаммулпазирии худ ба COVID-19 ва сабук кардани маҳдудиятҳо барои сайёҳони хориҷӣ метавонад боиси афзоиши босуръати ин беморӣ гардад.
Бо истифода аз модели математикӣ, коршиносон оқибатҳои эҳтимолии қабули тактикаи зидди коронавирусро дар кишвар пешгӯӣ карданд, ки дар дигар давлатҳо амал мекунанд.
Ҳамин тариқ олимон пешгӯӣ намудаанд, ки агар Чин сиёсати куҳнае, ки ҳоло дар Амрико роиҷ аст, пеш гирад, дар он сурат гириторшавӣ ба ин дард дар Чин ҳамарӯза ба 637 155 нафар баробар мешавад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимони исроилӣ роҳи нест кардани коронавирус дар ду сония пайдо карданд
Олимон мегӯянд, агар Чин чораҳои амалкунандаи Фаронсаро пеш гирад, он гоҳ маризшавии сокинон дар як рӯз ба 454 198 нафар мерасад.
Дар сурати истифода аз сиёсати зиддиковидӣ дар Бритониё эҳтимоли сироят шудани 275 793 нафар дар 24 соат имконпазир аст.
Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки ифтитоҳи марзи Чин барои сайёҳон метавонад "авҷи азими ин дард" - ро ба вуҷуд орад. Ба ақидаи онҳо, давлат то ҳол омода нест, ки чораҳои маҳдудкунандаро сабуктар кунад.
Лентаи хабарҳо
0