https://sputnik.tj/20211128/ishq-fakhriddin-nikol-ovozkhon-tojik-qarib-kanor-1043812149.html
“Ишқи Фахриддину Никол”: Чӣ гуна овозхони тоҷик қариб аз “Х-Фактор” канор мемонд? - видео
“Ишқи Фахриддину Никол”: Чӣ гуна овозхони тоҷик қариб аз “Х-Фактор” канор мемонд? - видео
Sputnik Тоҷикистон
Фахриддин Ҳакимов, овозхони тоҷик, аз меҳру таваҷҷуҳаш ба иштирокчии дигари “Х-Фактор Белорус”, Никол Фургал қисса кард. Дар пахши дуюми мустақим ҳардуяшон номзад барои канор мондан аз идомаи сабқат гардиданд
2021-11-28T16:30+0500
2021-11-28T16:30+0500
2021-11-28T16:30+0500
белорус
озмун
тоҷик
овозхон
ҷавон
фахриддин ҳакимов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0e/1043535458_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_854cb8b3a94e32ec0d441ac3cf309c92.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Ҳакимов бо иҷрои суруди "Historia de un amor" теъдоди зарурии овози тамошобинонро ба даст наовард. Тибқи қоидаҳои барнома тақдири ӯ ва иштирокчии дигар, Никол Фургалро бояд доварон ҳал мекарданд.Барои ин зарур буд, ки ин ду овозхон дигарбора сурудеро иҷро кунанд ва Ҳакимов “Я не могу без тебя” -и Валерий Меладзеро хонд. Дар пайи ин мураббии Фахриддин, Серёга аз мушкилии интихоб гуфта, ба Ҳакимов пешниҳод намуд, ки шояд ихтиёран аз идомаи сабқат ба фоидаи Никол даст кашад.Овозхони тоҷик бо зикри хубиҳои Никол таъкид намуд, ки ҳеч кореро дар нимароҳ набояд гузошт ва салоҳияти интихобро доварон доранду онҳо бояд ҳал кунанд.Дар натиҷа аз чор довар, се нафарашон - Серёга, Сергей Соседов ва Олга Бузова ба тарафдории Ҳакимов овоз доданду ӯ ҳунарнамоиро дар барнома идома хоҳад дод.Пахши сеюми мустақими барнома шанбеи рӯзи 4 декабр дар назар аст ва ҳаққи овоздиҳӣ дар ин барномаро танҳо сокинони Белорус доранд.Дар нахустин пахши мустақими барномаи "Х-Фактори Беларус", овозхони тоҷик суруди Максим Фадеев зери унвони "Стану ли я счастливей" - "Оё хушбахттар мешавам" - ро иҷро карда буд.Фахриддин Ҳакимов қаблан низ дар барномаи “Ну-ка, все вместе”-и телевизиони Русия беш аз 90 ситораи шоу-бизнеси ин кишварро тасхир ва водор ба ҳамовозӣ карда буд.Дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, иштирокчӣ бояд бо сурудхонияш 100 довар - асосан ситораҳои шоубизнеси Русияро моил мекард, ки бархезанду ҳама якҷоя суруд хонанд. Ҳар қадар довари бештар бо иштирокчӣ ҳамовозӣ кунад, ҳамон қадар холи бештар мегирифт. Фахриддин Ҳакимов дар барнома аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.
https://sputnik.tj/20211128/hunarnamoi-hakimov-navbatii-faktor-belorus-video-1043811752.html
https://sputnik.tj/20211120/javon-tojik-gholib-ozmun-golos-1043661437.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0e/1043535458_0:0:2048:1537_1920x0_80_0_0_569abadfc5ece411aad1226fb72e3eb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
овозхон, тоҷик, фахриддин ҳакимов, никол, фургал
овозхон, тоҷик, фахриддин ҳакимов, никол, фургал
“Ишқи Фахриддину Никол”: Чӣ гуна овозхони тоҷик қариб аз “Х-Фактор” канор мемонд? - видео
Фахриддин Ҳакимов, овозхони тоҷик, аз меҳру таваҷҷуҳаш ба иштирокчии дигари “Х-Фактор Белорус”, Никол Фургал қисса кард. Дар пахши дуюми мустақим ҳардуяшон номзад барои канор мондан аз идомаи сабқат гардиданд
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Ҳакимов бо иҷрои суруди "Historia de un amor" теъдоди зарурии овози тамошобинонро ба даст наовард. Тибқи қоидаҳои барнома тақдири ӯ ва иштирокчии дигар, Никол Фургалро бояд доварон ҳал мекарданд.
Барои ин зарур буд, ки ин ду овозхон дигарбора сурудеро иҷро кунанд ва Ҳакимов “Я не могу без тебя” -и Валерий Меладзеро хонд. Дар пайи ин мураббии Фахриддин, Серёга аз мушкилии интихоб гуфта, ба Ҳакимов пешниҳод намуд, ки шояд ихтиёран аз идомаи сабқат ба фоидаи Никол даст кашад.
Овозхони тоҷик бо зикри хубиҳои Никол таъкид намуд, ки ҳеч кореро дар нимароҳ набояд гузошт ва салоҳияти интихобро доварон доранду онҳо бояд ҳал кунанд.
Дар натиҷа аз чор довар, се нафарашон - Серёга, Сергей Соседов ва Олга Бузова ба тарафдории Ҳакимов овоз доданду ӯ ҳунарнамоиро дар барнома идома хоҳад дод.
Пахши сеюми мустақими барнома шанбеи рӯзи 4 декабр дар назар аст ва ҳаққи овоздиҳӣ дар ин барномаро танҳо сокинони Белорус доранд.
Дар нахустин пахши мустақими барномаи "Х-Фактори Беларус", овозхони тоҷик суруди Максим Фадеев зери унвони "Стану ли я счастливей" - "Оё хушбахттар мешавам" - ро иҷро карда буд.
Фахриддин Ҳакимов қаблан низ дар барномаи “Ну-ка, все вместе”-и телевизиони Русия беш аз 90 ситораи шоу-бизнеси ин кишварро тасхир ва водор ба ҳамовозӣ карда буд.
Дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, иштирокчӣ бояд бо сурудхонияш 100 довар - асосан ситораҳои шоубизнеси Русияро моил мекард, ки бархезанду ҳама якҷоя суруд хонанд. Ҳар қадар довари бештар бо иштирокчӣ ҳамовозӣ кунад, ҳамон қадар холи бештар мегирифт. Фахриддин Ҳакимов дар барнома аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.