Ҳунарнамоии Ҳакимов дар даври навбатии "Х-фактор Белорус" - видео

Обуна шудан
Фахриддин Ҳакимов, овозхони тоҷик дар пахши дуюми мустақими барномаи "Х-Фактор Беларус" суруди "Historia de un amor" - ро иҷро кард
Суруди "Historia de un amor" дар иҷрои Фахриддин Ҳакимов мақбули мухлисону доварон шуда, тамошобинони толорро ба пой хезонд.
Ҳакимов ягона узви тими Серёга, яке аз доварону мураббиёни барномаи "Х-Фактор Беларус" мебошад, ки ҳунарнамоӣ барои гирифтани ҷойҳои аввалро идома хоҳад дод. Пахши сеюми мустақими барнома шанбеи рӯзи 4 декабр дар назар аст.
Дар нахустин пахши мустақими барномаи "Х-Фактори Беларус", овозхони тоҷик суруди Максим Фадеев зери унвони "Стану ли я счастливей" - "Оё хушбахттар мешавам" - ро иҷро кард.
Фахриддин Ҳакимов қаблан низ дар барномаи “Ну-ка, все вместе”-и телевизиони Русия беш аз 90 ситораи шоу-бизнеси ин кишварро тасхир ва водор ба ҳамовозӣ карда буд.
Дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, иштирокчӣ бояд бо сурудхонияш 100 довар - асосан ситораҳои шоубизнеси Русияро моил мекард, ки бархезанду ҳама якҷоя суруд хонанд. Ҳар қадар довари бештар бо иштирокчӣ ҳамовозӣ кунад, ҳамон қадар холи бештар мегирифт. Фахриддин Ҳакимов дар барнома аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0