https://sputnik.tj/20211128/tibb-nerugoh-roh-bandar-eron-rahmon-raisi-1043810625.html
Аз тиббу нерӯгоҳ то роҳ ба бандарҳои Эрон: Раҳмону Раисӣ аз ҳамкориҳо гуфтанд
Аз тиббу нерӯгоҳ то роҳ ба бандарҳои Эрон: Раҳмону Раисӣ аз ҳамкориҳо гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои эронияш, Сайид Иброҳим Раисӣ, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-11-28T13:45+0500
2021-11-28T13:45+0500
2021-11-28T13:45+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
эрон
роҳ
ҳамкорӣ
нерӯгоҳ
дору
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042349255_0:19:2005:1147_1920x0_80_0_0_11aeee948ef5836b3c7a982979fea60a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо президенти Эрон Сайид масоили марбут ба робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид кардааст, ки татбиқи мувофиқаҳои зимни музокирот ҳосилшуда ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаи кишварҳо такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид."Ҷонибҳо зимни баррасии масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар арсаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, дорусозӣ, масолеҳи сохтмониро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд", - омадааст дар иттилоия. Инчунин Раҳмон ва Раисӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёди саддҳо, нерӯгоҳҳо, пул ва нақбҳо, роҳҳои оҳан ва мошингардро аз самтҳои дигари муфид барои ҳар ду ҷониб хондаанд. Зимни баррасии ҳамкорӣ дар риштаи нақлиёт, роҳбарони ду кишвар пайваст будани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои оҳанро ба бандарҳои обии Эрон зарур шумурданд.Инчунин дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, аз мавзуъҳои дигари меҳварии ин мулоқот будаанд. Маврид ба зикр аст, ки 28 ноябр дар Ишқобод нишасти роҳбарони кишварҳои узви СҲИ баргузор мешавад. Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.Соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, узви СҲИ шудаанд. Санаи 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид.
https://sputnik.tj/20211128/muloqot-rahmon-mirziyoev-1043809970.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/12/1042349255_0:0:1779:1334_1920x0_80_0_0_8e51851eb0d2d1110f1a81d64cfeb9cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури тоҷикистон, ҳамкорӣ, густариш
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури тоҷикистон, ҳамкорӣ, густариш
Аз тиббу нерӯгоҳ то роҳ ба бандарҳои Эрон: Раҳмону Раисӣ аз ҳамкориҳо гуфтанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои эронияш, Сайид Иброҳим Раисӣ, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо президенти Эрон Сайид масоили марбут ба робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид кардааст, ки татбиқи мувофиқаҳои зимни музокирот ҳосилшуда ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаи кишварҳо такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
"Ҷонибҳо зимни баррасии масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар арсаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, дорусозӣ, масолеҳи сохтмониро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин Раҳмон ва Раисӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёди саддҳо, нерӯгоҳҳо, пул ва нақбҳо, роҳҳои оҳан ва мошингардро аз самтҳои дигари муфид барои ҳар ду ҷониб хондаанд.
Зимни баррасии ҳамкорӣ дар риштаи нақлиёт, роҳбарони ду кишвар пайваст будани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои оҳанро ба бандарҳои обии Эрон зарур шумурданд.
Инчунин дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, аз мавзуъҳои дигари меҳварии ин мулоқот будаанд.
Маврид ба зикр аст, ки 28 ноябр дар Ишқобод нишасти роҳбарони кишварҳои узви СҲИ баргузор мешавад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки феълан намояндаи Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ дар мақоми дабири кулли он фаъолият дорад, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, узви СҲИ шудаанд. Санаи 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид.