https://sputnik.tj/20211128/aliev-rahmon-bozdid-tojikiston-1043816633.html
Алиев даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт
Алиев даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои озарбойҷонияш, Илҳом Алиев густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
2021-11-28T20:36+0500
2021-11-28T20:36+0500
2021-11-29T15:31+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
илҳом алиев
мулоқот
озарбойҷон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1c/1043816410_0:108:2048:1260_1920x0_80_0_0_38fa3f517f0e35bb2123084351c676a0.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар ҳошияи нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар Ишқобод баргузор шуда, баробари равобити дуҷониба, инчунин масоили минтақаию ҷаҳонӣ низ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд. Тибқи итилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатманд мебошад. Роҳбарони Тоҷикистону Озарбойҷон барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро изҳор карданд.Инчунин зимни мулоқот пешниҳод гардидааст, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор шавад.Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Озарбойҷонро даъват кард, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд ва Алиев ин даъватро пазируфтааст.
https://sputnik.tj/20211128/bahs-amniyat-tijorat-muloqot-rahmon-erdughon-1043814500.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1c/1043816410_210:0:2027:1363_1920x0_80_0_0_0c0a478d7331207ec48b74ff1ce5a315.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, илҳом алиев, мулоқот, ҳамкорӣ
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, илҳом алиев, мулоқот, ҳамкорӣ
Алиев даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт
20:36 28.11.2021 (Навсозишуда: 15:31 29.11.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озарияш Илҳом Алиев густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар ҳошияи нишасти 15-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар Ишқобод баргузор шуда, баробари равобити дуҷониба, инчунин масоили минтақаию ҷаҳонӣ низ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд.
Тибқи итилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатманд мебошад.
Роҳбарони Тоҷикистону Озарбойҷон барои тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро изҳор карданд.
"Дар ин зимн фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва татбиқи пурсамару саривақтии санадҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин зимни мулоқот пешниҳод гардидааст, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Озарбойҷонро даъват кард, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд ва Алиев ин даъватро пазируфтааст.