https://sputnik.tj/20211127/vakil-vazir-maosh-olimon-adabiyot-zabonshinos-1043799837.html
Вакил аз вазир хост, маоши олимони адабиёту забоншинос боло бурда шавад
Вакил аз вазир хост, маоши олимони адабиёту забоншинос боло бурда шавад
Sputnik Тоҷикистон
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон хостори беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандони Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми кишвар гардид
2021-11-27T16:10+0500
2021-11-27T16:10+0500
2021-11-29T12:14+0500
дар тоҷикистон
парлумон
маориф
шароит
маош
боло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031782152_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_6cad5615c2704b99ea45b7f5f0699759.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон зимни ҷаласаи ахири парлумон дар хитоб ба Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар пешниҳод кард, ки барои беҳбуди шароити кори олимони забону адабиёт ва боло бурдани маошашон чораҷӯӣ намояд. Ӯ аз ҳолати хароби бинои Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ёдовар шуд. "Бинои пажуҳишгоҳи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, маоше, ки олимон мегиранд, ҷавобгӯи сатҳи онҳо нест. Дар Институти забон ва адабиёт беҳтарин мутахассисони соҳа фаъолият мекунанд, ки аз 60 то 90 сол умр доранд", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вакил. Усмонзода аз вазири молия хост, аз қисми даромади иловагии буҷаи соли 2022 ин пажуҳишгоҳ маблағгузорӣ шавад ва Вазорати маорифу илми кишвар низ дар он саҳм гузорад. Ин дар ҳолест, бар асоси фармони раисҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябр имзо кард, маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд шуд.Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба ҳисоби миёна маоши кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои тобеи он 28 фоиз боло рафт ва ҳадаф аз ин иқдом дастгирии давлатӣ, тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он арзёбӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210920/sobiq-bonkdor-tojik-maoshi-olimon-1042385775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031782152_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_78ba0fa2be9c8d2ede28ca1c38dc2f5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакил, парлумон, маҷлис, намояндагон, тоҷикистон, олимон, забон, адабиёт
вакил, парлумон, маҷлис, намояндагон, тоҷикистон, олимон, забон, адабиёт
Вакил аз вазир хост, маоши олимони адабиёту забоншинос боло бурда шавад
16:10 27.11.2021 (Навсозишуда: 12:14 29.11.2021) Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон хостори беҳбуди вазъи иҷтимоии кормандони Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми кишвар шуд
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон зимни ҷаласаи ахири парлумон дар хитоб ба Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар пешниҳод кард, ки барои беҳбуди шароити кори олимони забону адабиёт ва боло бурдани маошашон чораҷӯӣ намояд.
Ӯ аз ҳолати хароби бинои Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ёдовар шуд.
"Бинои пажуҳишгоҳи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, маоше, ки олимон мегиранд, ҷавобгӯи сатҳи онҳо нест. Дар Институти забон ва адабиёт беҳтарин мутахассисони соҳа фаъолият мекунанд, ки аз 60 то 90 сол умр доранд", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вакил.
Усмонзода аз вазири молия хост, аз қисми даромади иловагии буҷаи соли 2022 ин пажуҳишгоҳ маблағгузорӣ шавад ва Вазорати маорифу илми кишвар низ дар он саҳм гузорад.
Ин дар ҳолест, бар асоси фармони раисҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябр имзо кард, маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд шуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба ҳисоби миёна маоши кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои тобеи он 28 фоиз боло рафт ва ҳадаф аз ин иқдом дастгирии давлатӣ, тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он арзёбӣ шудааст.