https://sputnik.tj/20211127/tojikon-kor-davlat-1043795871.html
Тоҷикон барои кор ба куҷо мераванд: Посухи Вазорати меҳнат
Тоҷикон барои кор ба куҷо мераванд: Посухи Вазорати меҳнат
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат аз афзоиши шумори муҳоҷирони корӣ хабар дод: тоҷикон бештар ба куҷо мераванд?
2021-11-27T12:50+0500
2021-11-27T12:50+0500
2021-11-29T11:41+0500
русия
дар тоҷикистон
муҳоҷират
муҳоҷир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/15/1029491590_0:5:1024:581_1920x0_80_0_0_84bb2aa85469aa06602361f9b170201b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Аз аввали соли 2021 беш аз 330 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ. Ҳамин тариқ ин рақам нисбат ба соли 2020 - 2,8 баробар бештар аст.Ба гуфтаи вай, ҳудуди 95 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон барои фаъолият ба Русия мераванд. Дар ҳамин ҳол Нодирӣ тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон ва Русия ҳангоми ҳисоб кардани шумораи коргарони муҳоҷир аз методологияи гуногун истифода мекунанд, аз ин рӯ маълумот дар бораи теъдоди муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия аз ҳам фарқ мекунад. Ба гуфти мусъулин, бештари муҳоҷирон ба таври муташаккил ба вилоятҳои Иркутск, Чита, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Маскав ва Ленинград мераванд. Ҳамроқулова дар бораи эҳтимоли бекор мондани муҳоҷирон дар Маскав гуфтНодирӣ ёдовар шуд, ки соли 2019 миёни Тоҷикистону Русия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҷалби ҷамъии шаҳрвандон барои кори муваққатӣ дар Русия имзо шуда буд. Аммо ба далели пандемия, ин санад то барқарории равобити ҳавоии байни ду кишвар дар соли 2021 мавқуф гузошта шуд.
https://sputnik.tj/20211125/sobyanin-tedod-muhojiron-pokkor-kohish-1043753885.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/15/1029491590_81:0:992:683_1920x0_80_0_0_48770c093ac0b9d615282815049658fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, кор, русия, муҳоҷират, муҳоҷирон
маскав, кор, русия, муҳоҷират, муҳоҷирон
Тоҷикон барои кор ба куҷо мераванд: Посухи Вазорати меҳнат
12:50 27.11.2021 (Навсозишуда: 11:41 29.11.2021) Вазорати меҳнат аз афзоиши шумори муҳоҷирони корӣ хабар дод. Тоҷикон бештар куҷо мераванд?
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Аз аввали соли 2021 беш аз 330 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ.
Ҳамин тариқ ин рақам нисбат ба соли 2020 - 2,8 баробар бештар аст.
"Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ, дар 10 моҳи соли 2021 аз Тоҷикистон 331 ҳазору 353 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки инҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ҳангоми рафтан баргаи муҳоҷиратӣ пур мекунанд", - гуфт муовини вазир.
Ба гуфтаи вай, ҳудуди 95 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон барои фаъолият ба Русия мераванд.
Дар ҳамин ҳол Нодирӣ тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон ва Русия ҳангоми ҳисоб кардани шумораи коргарони муҳоҷир аз методологияи гуногун истифода мекунанд, аз ин рӯ маълумот дар бораи теъдоди муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия аз ҳам фарқ мекунад.
"Дар раванди қабули муташаккил аз аввали соли 2021 мо тавассути Агентии шуғли назди Вазорати меҳнат 1330 нафар ва аз тариқи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ 560 нафарро фиристодем", - афзуд ӯ.
Ба гуфти мусъулин, бештари муҳоҷирон ба таври муташаккил ба вилоятҳои Иркутск, Чита, Новосибирск, Ростови лаби Дон, Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Маскав ва Ленинград мераванд.
Нодирӣ ёдовар шуд, ки соли 2019 миёни Тоҷикистону Русия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҷалби ҷамъии шаҳрвандон барои кори муваққатӣ дар Русия имзо шуда буд.
Аммо ба далели пандемия, ин санад то барқарории равобити ҳавоии байни ду кишвар дар соли 2021 мавқуф гузошта шуд.