Собянин ваъда дод, ки теъдоди муҳоҷирони поккорро дар Маскав коҳиш медиҳад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСотрудник коммунальной службы подметает листья на улице в Москве.
Сотрудник коммунальной службы подметает листья на улице в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Обуна шудан
Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо хабар дода буд
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав хостори коҳиши шумори муҳоҷироне, ки дар бахши манзиливу коммуналии пойтахт кор мекунанд, шуд. Дар ин бора шаҳрдори Маскав дар мусоҳиба бо РИА "Новости" хабар дод.

"Мо амалан дар муассисаҳои бузурги коммуналии шаҳрӣ муҳоҷир надорем. Онҳо дар сатҳи манзилҳои хурд боқӣ мондаанд, ки дар он ҷо корҳои фаррошӣ зиёд ва музди меҳнат кам аст", - гуфт Собянин.

Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо хабар дода буд.
Реконструкция стадиона Москвич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2021
Собянин: Теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав кам шудааст
Ба гуфтаи ӯ, шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Маскав ҳадди ақал беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст.
Ба дигар давлатҳо мераванд: СММ зидди даст кашидани Маскав аз хидмати муҳоҷирон нест
Дар ҳамин ҳол, тавре натиҷаи як назарсанҷии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ нишон медиҳад, тақрибан нисфи сокинони Русия бар ин боваранд, ки муҳоҷирон бозори кориро барояшон танг кардаанд.
Маскав аз муҳоҷирон ба таври куллӣ даст намекашад
Ба андешаи русҳо, меҳмонон аз кишварҳои хориҷи наздик дар бозори кор рақобат эҷод мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0