https://sputnik.tj/20211127/tedod-makotib-bemoriston-dar-tojikiston-1043793338.html
Эълони теъдоди макотибу бемористонҳои бунёдшуда дар Тоҷикистон тайи як сол
Эълони теъдоди макотибу бемористонҳои бунёдшуда дар Тоҷикистон тайи як сол
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали сол дар Тоҷикистон ҳудуди 80 мактабу муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуданд
2021-11-27T09:00+0500
2021-11-27T09:00+0500
2021-11-29T11:25+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
маориф
сохтмон
мактаб
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/64/1029756444_0:300:3082:2034_1920x0_80_0_0_fd198f39a691ce393f90100b1879ba84.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 80 муассисаи таълимӣ ва муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд, хабар дод ожонси хабарии "Авесто". Ба иттилои ниҳодҳои дахлдор, аз январ то октябр дар қаламрави кишвар 20 бинои мактаби миёна барои беш аз 16 ҳазор талаба ифтитоҳ шуд. Ин рақам тамоми мактабҳои бунёдшуда дар Хатлон, Суғд, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро фаро мегирад. Инчунин муассисаҳои томактабӣ низ барои беш аз 1,5 ҳазор нафар афзоиш ёфтаанд. Ҳамагӣ дар як сол 9 кӯдакистон бунёд шудааст. Дар мавриди муассисаҳои тиббӣ зикр шудааст, ки дар Суғду Хатлон имсол 54 нуқтаи тиббӣ фаъол гашт. Онҳо барои беш аз 500 нафар дар як баст хидмат мерасонанд. Бар асоси омор, барои корҳои сохтмонии ин муассисаҳои таълимӣ ҳудуди 6 миллиард сомонӣ (531,6 миллион доллар) сарф шудааст. Ин ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20211124/vazir-bonki-jahoni-maktabsozi-kumak-talaba-1043729517.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/64/1029756444_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_d1e6cc120fa750df81a5f1ae04e2a334.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мактаб, муассиса, бунёд
тоҷикистон, мактаб, муассиса, бунёд
Эълони теъдоди макотибу бемористонҳои бунёдшуда дар Тоҷикистон тайи як сол
09:00 27.11.2021 (Навсозишуда: 11:25 29.11.2021) Аз аввали сол дар Тоҷикистон ҳудуди 80 мактабу муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 80 муассисаи таълимӣ ва муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд, хабар дод ожонси хабарии "Авесто".
Ба иттилои ниҳодҳои дахлдор, аз январ то октябр дар қаламрави кишвар 20 бинои мактаби миёна барои беш аз 16 ҳазор талаба ифтитоҳ шуд.
Ин рақам тамоми мактабҳои бунёдшуда дар Хатлон, Суғд, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро фаро мегирад.
Инчунин муассисаҳои томактабӣ низ барои беш аз 1,5 ҳазор нафар афзоиш ёфтаанд. Ҳамагӣ дар як сол 9 кӯдакистон бунёд шудааст.
Дар мавриди муассисаҳои тиббӣ зикр шудааст, ки дар Суғду Хатлон имсол 54 нуқтаи тиббӣ фаъол гашт. Онҳо барои беш аз 500 нафар дар як баст хидмат мерасонанд.
Бар асоси омор, барои корҳои сохтмонии ин муассисаҳои таълимӣ ҳудуди 6 миллиард сомонӣ (531,6 миллион доллар) сарф шудааст.
Ин ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.