https://sputnik.tj/20211127/sultoni-kabir-osiyo-markazi-savdo-madad-1043797582.html
"Мадад", "Султони Кабир", "Осиё" дар рӯйхати бозору марказҳое, ки тахриб мешаванд - акс
"Мадад", "Султони Кабир", "Осиё" дар рӯйхати бозору марказҳое, ки тахриб мешаванд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе хабари бастаи шудани бархе аз бозору марказҳои савдои пойтахти Тоҷикистонро шарҳ доданд
2021-11-27T14:17+0500
2021-11-27T14:17+0500
2021-11-29T11:55+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
душанбе
сохтмон
султони кабир
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1b/1043797450_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_5b146a998175d2793fc3d2059d4b3150.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Мақомот мегӯянд, барои ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани шафати хиёбони Абудраҳмони Ҷомӣ фаъолияти Маркази савдои "Мадад" манъ карда мешавад.Ба иттилои манбаъ, бо қарори раиси шаҳри Душанбе, кӯчондани нуқтаҳои савдо ба бозорҳои замонавии нав ба нақша гирифта шудааст.Инчунин масъулини меъмории пойтахт сохтмони марказҳои солимгардонӣ ва варзиширо ба ҷои бозори "Султони Кабир" ва Маркази савдои "Осиё" таъйид карда, аксҳои иншоотеро, ки тахриб мешаванд, нашр кардаанд. Таъкид шудааст, ки бо зиёд шудани ҳудуди марзию маъмурӣ ва аҳолӣ дар шаҳри Душанбе талабот ба таъмини аҳолӣ бо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои тиббиву солимгардонии нав ба миён омадааст. Маврид ба зикр аст, ки ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе аз 12,7 ҳазор гектари қаблӣ баъди пайвастани 7659,25 гектар аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба зиёда аз 20,3 ҳазор гектар расидааст.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1b/1043797450_229:0:1669:1080_1920x0_80_0_0_0ea522d58364c71909f1099dcb010c1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, душанбе, баста шудан, марказ, савдо, тоҷикистон
мақомот, душанбе, баста шудан, марказ, савдо, тоҷикистон
"Мадад", "Султони Кабир", "Осиё" дар рӯйхати бозору марказҳое, ки тахриб мешаванд - акс
14:17 27.11.2021 (Навсозишуда: 11:55 29.11.2021) Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе хабари бастаи шудани бархе аз бозору марказҳои савдои пойтахти Тоҷикистонро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Мақомот мегӯянд, барои ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани шафати хиёбони Абудраҳмони Ҷомӣ фаъолияти Маркази савдои "Мадад" манъ карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори раиси шаҳри Душанбе, кӯчондани нуқтаҳои савдо ба бозорҳои замонавии нав ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин масъулини меъмории пойтахт сохтмони марказҳои солимгардонӣ ва варзиширо ба ҷои бозори "Султони Кабир" ва Маркази савдои "Осиё" таъйид карда, аксҳои иншоотеро, ки тахриб мешаванд, нашр кардаанд.
Таъкид шудааст, ки бо зиёд шудани ҳудуди марзию маъмурӣ ва аҳолӣ дар шаҳри Душанбе талабот ба таъмини аҳолӣ бо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои тиббиву солимгардонии нав ба миён омадааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе аз 12,7 ҳазор гектари қаблӣ баъди пайвастани 7659,25 гектар аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба зиёда аз 20,3 ҳазор гектар расидааст.