https://sputnik.tj/20211127/elon-televizion-badakhshon-jamshavi-1043804475.html
Эълон аз тариқи телевизиони "Бадахшон": Ҷамъшавии сокинон ғайриқонунист - видео
Эълон аз тариқи телевизиони "Бадахшон": Ҷамъшавии сокинон ғайриқонунист - видео
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот бо нашри як эълон тариқи телевизиони маҳаллии "Бадахшон" аз сокинони ВМКБ даъват кардаанд, ки аз ҳамоиши эътирозӣ даст кашанд
2021-11-27T20:10+0500
2021-11-27T20:10+0500
2021-11-29T13:51+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
хоруғ
куштор
эътирозӣ
ҳамоиш
ҷамъомад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/46/1027344681_0:92:2731:1628_1920x0_80_0_0_63a129ffaab322d32ff35207f74adee5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Дар муроҷиатномае, ки тавассути телевизиони "Бадахшон" пахш гардид, ҷамъ омадани шаҳрвандон дар пеши бинои ҳукумати ВМКБ ғайриқонунӣ арзёбӣ шудааст. Дар муроҷиатнома ҳушдор дода шудааст, ки ҷамъшавии ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад. Таъкид шудааст, ки ба хотири ноором нагардидани шаҳри Хоруғ сокинон аз таҷаммӯъ худдорӣ намоянду ба ободкорӣ рӯй оранд. Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияи ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасади ду нафарашон танҳо рӯзи 27-уми ноябр барои дафн аз майдони пеши ҳукумати ВМКБ бурда шуд. Мақомоти кишвар то ҳоли ҳозир расман дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд. Алоқаи мобилию интернетӣ низ бо вилоят масдуд шудааст.Феълан гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд. Чунин ҳамоишҳо дар пеши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Аврупою ИМА ва инчунин дафтари СММ низ сурат гирифтаанд. Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захм бардоштааст.
https://sputnik.tj/20211127/ilolov-hukumat-khorugh-biduni-zuri-hal-video-1043796878.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/46/1027344681_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_7a812120d66577ae774109abd55bf9ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хоруғ, мақомот, ғайриқонунӣ
тоҷикистон, хоруғ, мақомот, ғайриқонунӣ
Эълон аз тариқи телевизиони "Бадахшон": Ҷамъшавии сокинон ғайриқонунист - видео
20:10 27.11.2021 (Навсозишуда: 13:51 29.11.2021) Мақомот бо нашри як эълон аз тариқи телевизиони маҳаллии "Бадахшон" аз сокинони ВМКБ даъват кардаанд, ки аз ҳамоиши эътирозӣ даст кашанд
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Дар муроҷиатномае, ки тавассути телевизиони "Бадахшон" пахш гардид, ҷамъ омадани шаҳрвандон дар пеши бинои ҳукумати ВМКБ ғайриқонунӣ арзёбӣ шудааст.
Дар муроҷиатнома ҳушдор дода шудааст, ки ҷамъшавии ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад. Таъкид шудааст, ки ба хотири ноором нагардидани шаҳри Хоруғ сокинон аз таҷаммӯъ худдорӣ намоянду ба ободкорӣ рӯй оранд.
Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияи ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасади ду нафарашон танҳо рӯзи 27-уми ноябр барои дафн аз майдони пеши ҳукумати ВМКБ бурда шуд. Мақомоти кишвар то ҳоли ҳозир расман дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд. Алоқаи мобилию интернетӣ низ бо вилоят масдуд шудааст.
Феълан гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд. Чунин ҳамоишҳо дар пеши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Аврупою ИМА ва инчунин дафтари СММ низ сурат гирифтаанд.
Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захм бардоштааст.