https://sputnik.tj/20211127/ilolov-hukumat-khorugh-biduni-zuri-hal-video-1043796878.html
Илолов аз ҳукумат хост, қазияи Хоруғ бидуни зӯрӣ дар ҳамкорӣ бо мардум ҳал шавад - видео
Илолов аз ҳукумат хост, қазияи Хоруғ бидуни зӯрӣ дар ҳамкорӣ бо мардум ҳал шавад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадшо Илолов, собиқ президенти Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз қазияҳои ахири Хоруғ, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштааст, изҳори изтироб кард
2021-11-27T13:41+0500
2021-11-27T13:41+0500
2021-11-29T11:51+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
хоруғ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/19/1027221916_0:0:2647:1489_1920x0_80_0_0_79313fbd14318f0553198933b62dbde3.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Илолов аз ҳукуматдорон дар ВМКБ ва сокинони маҳаллӣ хост, ки қазияро дар доираи қонун якҷоя ҳал намоянд. Ӯ бо ишора бо вазъ дар кишварҳои ҳамсоя бахусус муттаҳидию иттифоқи дохилиро муҳим хонд. Инчунин зикр намуд, ки барои рушди иқтисоду иҷтимоъ зарур аст, ки оромию осоиштагӣ таъмин бошад. Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияи ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасадҳои ду нафарашон давоми ду рӯз дар майдони пеши ҳукумати ВМКБ қарор доштанд. Интизор меравад, ки ҷасадҳо рӯзи 27 ноябр ба хок супурда шаванд. Мақомоти кишвар расман то ҳол дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд. Алоқаи мобилию интернетӣ низ бо вилоят масдуд шудааст. Феълан гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд.
https://sputnik.tj/20211126/sharh-kdam-vazi-feli-khorugh-kushtashuda-video-1043777709.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/19/1027221916_186:0:2539:1765_1920x0_80_0_0_7c2af46086afa0e1f92b40e6c15f0a4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳмадшо ҳилолов, ҳукумат, қазия, хоруғ
маҳмадшо ҳилолов, ҳукумат, қазия, хоруғ
Илолов аз ҳукумат хост, қазияи Хоруғ бидуни зӯрӣ дар ҳамкорӣ бо мардум ҳал шавад - видео
13:41 27.11.2021 (Навсозишуда: 11:51 29.11.2021) Маҳмадшо Илолов, собиқ президенти Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз қазияи ахири Хоруғ, ки куштаю маҷруҳ бар ҷой гузоштааст, изҳори изтироб кард
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Илолов аз ҳукуматдорон дар ВМКБ ва сокинони маҳаллӣ хост, ки қазияро дар доираи қонун якҷоя ҳал намоянд.
"Ҳукуматдорону сохторҳои қудратӣ дар маҳал бояд дар якҷоягӣ бо мардум қазияро бинанд, ҳалли масъаларо ёбанд. Ҳич гоҳ ягон масъала бо зӯрӣ ҳал нашудааст", - таъкид намуд президенти собиқи академия.
Ӯ бо ишора бо вазъ дар кишварҳои ҳамсоя бахусус муттаҳидию иттифоқи дохилиро муҳим хонд.
Инчунин зикр намуд, ки барои рушди иқтисоду иҷтимоъ зарур аст, ки оромию осоиштагӣ таъмин бошад.
Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.
Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияи ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасадҳои ду нафарашон давоми ду рӯз дар майдони пеши ҳукумати ВМКБ қарор доштанд. Интизор меравад, ки ҷасадҳо рӯзи 27 ноябр ба хок супурда шаванд. Мақомоти кишвар расман то ҳол дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд. Алоқаи мобилию интернетӣ низ бо вилоят масдуд шудааст.
Феълан гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд.