https://sputnik.tj/20210622/bj-rushd-kishovarzi-tojikiston-dollar-1040358464.html
Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар медиҳад
Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии бахши кишоварзӣ ба Тоҷикистон 58 миллион доллар ҷудо мекунад
2021-06-22T12:57+0500
2021-06-22T12:57+0500
2021-07-29T13:14+0500
дар тоҷикистон
грант
бҷ
вазорати кишоварзӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103131/47/1031314732_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_53d3d6d7346535202da1f2ed4cf81206.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созишнома дар бораи расонидани кумаки грантӣ ба кишварро барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба имзо расониданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Ҳуҷҷатро аллакай вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян-Питер Олтерс имзо карданд. Созишномаи маблағгузории лоиҳаи такмил додани устувории бахши кишоварзӣ ба Тоҷикистон кумаки беподошро дар ҳаҷми 58 миллион доллар барои барқарорсозии баъд аз давраи коронавирус пешбинӣ мекунад.Маблағро Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (узви Гурӯҳи БҶ) медиҳад ва лоиҳаро Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои панҷ сол амалӣ мекунад. Тавре ки Ян Питер Олтерс қайд кард, пандемияи COVID-19 аҳамият ва зарурати навсозии минбаъдаи бахши кишоварзиро нишон дод. Ба гуфтаи вай, дастгирӣ пеш аз ҳама барои таъмини даромади мӯътадили деҳқонон ва ҳар як шахсе, ки дар ин самт кор мекунад зарур аст, то ки "ба оилаҳо имконият дода шавад, ки ба маҳсулоти арзон, вале серғизо дастрасии доимӣ дошта бошанд".Ёдовар мешавем, ки БҶ айни замон дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро ба маблағи умумии 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад, ки он ба мубориза бо коронавирус, барқарорсозии роҳҳо, рушди соҳаи андоз ва ғайра равона шудааст.
https://sputnik.tj/20210428/peshgui-bonki-rushd-osiy-oyanda-iqtisodi-tojikiston-1039114166.html
https://sputnik.tj/20201231/Bonki-jahoni-guft-chiguna-Tajikistan-metavonad-az-buhroni-iqtisod-raho-yobad--1032559688.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103131/47/1031314732_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_eadf71d457b34596d0044399bcc5f0b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бҷ рушд кишоварзӣ тоҷикистон доллар кумак
бҷ рушд кишоварзӣ тоҷикистон доллар кумак
Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар медиҳад
12:57 22.06.2021 (Навсозишуда: 13:14 29.07.2021) Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии бахши кишоварзӣ ба Тоҷикистон 58 миллион доллар ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созишнома дар бораи расонидани кумаки грантӣ ба кишварро барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба имзо расониданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Ҳуҷҷатро аллакай вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян-Питер Олтерс имзо карданд.
Созишномаи маблағгузории лоиҳаи такмил додани устувории бахши кишоварзӣ ба Тоҷикистон кумаки беподошро дар ҳаҷми 58 миллион доллар барои барқарорсозии баъд аз давраи коронавирус пешбинӣ мекунад.
Маблағро Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (узви Гурӯҳи БҶ) медиҳад ва лоиҳаро Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои панҷ сол амалӣ мекунад.
Тавре ки Ян Питер Олтерс қайд кард, пандемияи COVID-19 аҳамият ва зарурати навсозии минбаъдаи бахши кишоварзиро нишон дод.
Ба гуфтаи вай, дастгирӣ пеш аз ҳама барои таъмини даромади мӯътадили деҳқонон ва ҳар як шахсе, ки дар ин самт кор мекунад зарур аст, то ки "ба оилаҳо имконият дода шавад, ки ба маҳсулоти арзон, вале серғизо дастрасии доимӣ дошта бошанд".
Ёдовар мешавем, ки БҶ айни замон дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро ба маблағи умумии 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад, ки он ба мубориза бо коронавирус, барқарорсозии роҳҳо, рушди соҳаи андоз ва ғайра равона шудааст.