https://sputnik.tj/20211126/rusiya-tojikiston-maorif-sozishnoma-hamkori-1043786429.html
Муассисаҳои илмии Русия ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Муассисаҳои илмии Русия ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон ҳамроҳ сатҳи дониши донишҷӯёнро баланд мебардоранд
2021-11-26T18:00+0500
2021-11-26T18:00+0500
2021-11-26T19:01+0500
дар тоҷикистон
маориф
ҳамкорӣ
созишнома
имзо
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/75/1029427534_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_1767b308ce96c2d84b47ec61df47e2c8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Миёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.Бино ба гузориши хадаомти матбуотии раиси вилояти Суғд, ин созишнома иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани онлайн-лексияҳо ва тайёр кардани мутахассисони илмиро дар назар дорад.Созишномаи ҳамкорӣ дар рафти мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ - демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19” бо ширкати меҳмонони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.Дар рафти ҷаласа директори Донишкадаи иқтисод, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.Олимони рус ва тоҷик дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Рушди демографии давлатҳои ИДМ: 30 соли пошхӯрии ИҶШС”, "Муҳоҷирати иқлимӣ ҳамчуни тренди муосир" ва "Муҳоҷирати таълимӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ" маъруза карданд.Дар фазои тантанавӣ аз тарафи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид ба директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии АИ Русия Рязансев Сергей Василевич дипломи профессори фахрии донишкада супорида шуд.Мизи мудаввар бо ширкати меҳмонони ватаниву хориҷӣ дар фазои дӯстона бо муҳокимаҳои илмӣ ва баррасии як қатор пешниҳодҳои судманд ба анҷом расид.
https://sputnik.tj/20210519/zamon-bunyod-maktab-rusi-tojikiston-1039545833.html
https://sputnik.tj/20211117/maktabbachaho-rus-hamtoyon-tojik-kitob-firistodand-1043595232.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/75/1029427534_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_e16c00bbde8fb7bf201ad7ea8ccff6ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, ҳамкорӣ, маориф
русия, тоҷикистон, ҳамкорӣ, маориф
Муассисаҳои илмии Русия ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
18:00 26.11.2021 (Навсозишуда: 19:01 26.11.2021) Олимони Русия ва Тоҷикистон ҳамроҳ таҳқиқоти илмӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Миёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.
Бино ба гузориши хадаомти матбуотии раиси вилояти Суғд, ин созишнома иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани онлайн-лексияҳо ва тайёр кардани мутахассисони илмиро дар назар дорад.
Созишномаи ҳамкорӣ дар рафти мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои иҷтимоӣ - демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19” бо ширкати меҳмонони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа директори Донишкадаи иқтисод, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Олимони рус ва тоҷик дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Рушди демографии давлатҳои ИДМ: 30 соли пошхӯрии ИҶШС”, "Муҳоҷирати иқлимӣ ҳамчуни тренди муосир" ва "Муҳоҷирати таълимӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ" маъруза карданд.
Дар фазои тантанавӣ аз тарафи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид ба директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии АИ Русия Рязансев Сергей Василевич дипломи профессори фахрии донишкада супорида шуд.
Мизи мудаввар бо ширкати меҳмонони ватаниву хориҷӣ дар фазои дӯстона бо муҳокимаҳои илмӣ ва баррасии як қатор пешниҳодҳои судманд ба анҷом расид.