"Ман хондам, ту ҳам бихон"! Мактаббачаҳои рус ба ҳамтоёни тоҷикашон китоб фиристоданд

© Amir IsaevШкольная ярмарка в Душанбе
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Обуна шудан
Сафорати Русия дар Тоҷикистон садҳо китоби мухталифро ба мактабиёни тоҷик тақдим кард
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Ин китобҳо аз сӯйи мактаббачаҳои вилояти Свердлови Федератсияи Русия барои мактабиёни тоҷик ҷамъоварӣ шуда, аз тариқи як ҳавопаймои низомӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.
Шамил Шамсутддинов, мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон, ки дар маросими мутантани эҳдои ин китобҳо дар мактаби миёнаи №1-и шаҳри Душанбе ширкат дошт, гуфт, ин китобҳо дар доираи аксияи "Китобро ба дӯстат деҳ!" тақдим мешаванд, ки чанде қабл аз сӯйи раҳбарияти вилояти Свердлови Русия роҳандозӣ ва аз сӯйи ҳудуди 50 раёсату шуъбаи маорифу мактаби ин вилоят пуштибонӣ шуд.
"Дар асл ин ибтикори мактабиён аст, ки китобҳои бадеӣ, дарсӣ, бачагона ва омӯзиширо ҷамъ оварданд, то ба дӯстони тоҷики худ ҳадя кунанд. Ҳудуди 10 ҳазор китоб ҷамъоварӣ шуд. Дар дохили ин китобҳо мактуби мактаббачаҳои рус ба ҳамтоёни тоҷикашон низ ҳаст, ки умедморем, муҷиби эҷоди як пули дӯстӣ миёнашон хоҳад шуд”, - гуфт Шамил Шумсутдинов.
Учебники из России для школ Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2021
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Русия бораи мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ дар мактабҳо
Маросими тақдими ҳудуди шашсад китоб ба мактаби миёнаи №1-и шаҳри Душанбе дар пайи як барномаи консертӣ дар иҷрои хонандагони ин муассисаи таълимӣ ва ҳузури мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон оғоз шуд.
Мактаби миёнаи №1 қадимтарин мактаби Душанбе аст, ки соли оянда 90-сола мешавад. Он дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) шифохонаи низомии Артиши Сурхи Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Ҷамила Обидова, муовини директори мактаби №1 гуфт, аз номи ҳукумат ва омӯзгорону хонандагони ноҳия эҳдои китобҳоро як туҳфаи бемисл шуморида, изҳори сипос мекунад.
“Дарёфти чунин китобҳо, ки аксаран бадеӣ, омӯзишӣ ва афсонаҳоянд, барои хонандагони мо воқеан боиси хушнудист. Умедворем, ки дар пайи ин ҳамкориҳо хониши китобҳои бадеӣ бештар мешавад ва меҳри мактабиёнро ба хониш хоҳад афзуд”, - гуфт Ҷамила Обидова.
Қаблан ҳамчунин як маросими эҳдои китобҳои мактаббачагони Русия ба ҳамтоёни тоҷикашон дар гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи Александр Пушкин дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуда буд.
Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 5 мактаби русӣ дар ҳоли бунёд шудан мебошанд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгир хоҳанд буд.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Барномаи сафари Путин ба Душанбе: Аз суҳбати хос бо Раҳмон то поягузорӣ ба мактабҳои русӣ
Қарор аст, сохтмони ин мактабҳо то 1 сентябри соли 2022 анҷом ёбад ва ҳамагӣ мавриди истифода қарор гиранд. Дар онҳо аз як то ду ҳазор нафар таҳсил хоҳанд кард. Ин мактабҳо бо тамомии таҷҳизоти замонавӣ, мебелу озмоишгоҳҳо ва ҳар чӣ барои як мактаби муосир зарур аст, муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0