Дар солгарди оташбаси Қарабоғ Путин бо Пашинян ва Алиев мулоқот мекунад

© Пресс-служба президента РФТрёхсторонняя встреча президентов России, Азербайджана и Армении
Трёхсторонняя встреча президентов России, Азербайджана и Армении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Обуна шудан
Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон барои мулоқоти сеҷониба дар масъалаи Қарабоғ ба Русия омад
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Алиев ба мулоқоти сеҷониба бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин ва нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ба Сочи рафт, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Озарбойҷон.
Қаблан дафтари матбуотии Ҳукумати Арманистон низ аз сафари нахуствазир Пашинян ба Сочи хабар дода буд.
Ин сафараҳо бо даъвати раисҷумҳури Русия сурат гирифта, мулоқот дар арафаи солгарди имзои созишномаи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ сурат мегирад.
Миротворчекие учения стран ОДКБ Нерушимое братство - 2021. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Машқҳои шаш кишвари СААД "Бародарии пойдор - 2021": ҳадафу воситаҳо
Ба навиштаи РИА "Новости", таваҷҷуҳи асосӣ дар ин ҳамоиш ба барқарорсозию тавсеаи ҳамлу нақл ва муносиботи тиҷорию иқтисодӣ дода мешавад. Инчунин баррасии шиддати ахири вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон низ аз эҳтимол дур нест.
Дар ин мулоқот эҳтимол қарор дар бораи ташкили Комиссияи муайянсозию аломатгузории марз қабул шавад.
Инчунин дар Сочи суҳбатҳои алоҳидаи Путин бо Пашинян ва Алиев дар назаранд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2020 дар Қарабоғи Кӯҳӣ даргирӣ шиддат гирифт, ки давоми танишҳои бисёрсолаи Арманистону Озарбойҷон буд. Ниҳоят бо миёнаравии Маскав оташбас эълон гардиду шаби 10 ноябр созишномаи сеҷониба имзо шуд.
Лентаи хабарҳо
0