Машқҳои шаш кишвари СААД "Бародарии пойдор - 2021": ҳадафу воситаҳо

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМиротворчекие учения стран ОДКБ "Нерушимое братство - 2021". День второй
Миротворчекие учения стран ОДКБ Нерушимое братство - 2021. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Қисмҳои низомии шаш кишвари СААД дар Тотористон амалиёти сулҳҷӯёнаеро бо "ҳадафи афғонӣ" тамрин мекунанд, ки дар ҳоли зарурат метавонанд аз ин усул дар манотиқи мухталифи мавриди таҳоҷуми нерӯҳои бегона дар ҳудуди созмон истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Аз 8 то 12 ноябр дар тамрингоҳи Омӯзишгоҳи олии танкии Қазон машқҳои муштараки нерӯҳои дастаҷамъии СААД - “Бародарии пойдор -2021” бо ҷалби низомиёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, дар маҷмуъ 1800 нафар баргузор мегардад.
Ҳамчунин дар ин машқҳо 300 техникаи низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бомбаандози Су-34, чархболҳо низомӣ Ми-24, Ми-8 МТВ5, қувваҳо ва нерӯҳои махсус, алоқа, ҷанги электроник ҷалб шудаанд.
Нерӯҳои миллатҳои мухталиф таҳти раҳбарии генерали рус, фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия Александр Лапин бо назардошти вазъи ноустувор дар Афғонистон бо истифода аз таҷрибаи бузурги Русия дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ амалиёти муштараки сулҳҷӯёнаро анҷом медиҳанд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сенарияи бадтарин": ҳадафи аслии тамрин дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон маълум шуд
Барои ташкили амалиёти ҷангии якҷоя ва муҳофизат намудани аҳолии осоишта аз низомиёни шаш давлат ба таври фаврӣ гурӯҳи нерӯҳои пуриқтидори дорои низоми ягонаи идоракунӣ ташкил карда мешавад. Ҳадафҳои асосии машқҳои “Бародарии пойдор-2021” такмил додани малакаҳои фармондеҳӣ ва қӯшунҳои зертобеъ дар ҷараёни амалиёти сулҳҷӯёна мебошад.
Нерӯҳои посдори сулҳи СААД пайваста дар дидбонгоҳҳо, дар урдӯгоҳи гурезаҳо машқ ва корвонҳои кӯмакҳои башардӯстонаро ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин нерӯҳои муштарак ҳамла ба биноҳоеро, ки ҷангҷӯён ишғол кардаанд ва озод намудани асиронро тамрин мекунанд. Марҳилаи асосии машқҳо рӯзҳои 11-12 октябр баргузор мешавад ва бо тамрини муҳосираи тактикии шаҳраке, ки аз ҷониби террористон забт шуда ва нобуд кардани душмани шартӣ анҷом меёбад.
Иностранные дипломаты посетили военные училища Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Низомиёни Тоҷикистон барои иштирок дар машқҳои СААД ба Қазон расиданд
Дар тамрингоҳи Қазон нерӯҳои СААД нақшаҳои гуногуни ҷавобӣ ба таҳдидҳо дар тамоми минтақаҳои созмон - Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқиро таҳия мекунанд. Як рӯз пеш фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ Александр Лапин аз афзоиши таҳдидҳои террористӣ аз тарафи Афғонистон хабар дода, ба сарбозон муроҷиат карда гуфт: “Аз мо талаб карда мешавад, ки ҳар лаҳза барои таъмини амният ва ҳифзи сулҳ дар кишварҳоямон омода бошем".

Хусусиятҳои ҷангӣ

Дар давоми тамринҳо бештар ба чархболҳо ва қувваҳои десантӣ аҳамият дода мешавад. Чархболҳои Ми-8-и десантбар дар ҳамоҳангӣ бо чархболҳои зарбзани Ми-24 фуруд омадани нерӯҳои десантиро тамрин мекунанд.
Илова бар ин халабонҳо ҳамроҳӣ кардани корвонҳои кумакҳои башардӯстонаро низ машқ мекунанд. Чунин таҷриба барои нерӯҳои (сулҳҷӯ) дар Тоҷикистон, дар Қафқози Ҷанубӣ ва ҳатто Беларус, ки авзоъ дар марзҳояшон ором нест, муфид хоҳад буд.
Командующий войсками Центрального военного округа РФ, генерал-лейтенант Александр Лапин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Лапин машқҳои СААД дар тамрингоҳҳои Тоҷикистонро чораҳои ҷавобӣ ба Афғонистон номид
Ба ташкили тартиботи дохилӣ дар минтақаи назорат, таъмини амнияти аҳолӣ ва инфрасохтор, зуд бартараф намудани таҳдиду қочоқи маводи мухаддир, рафъи таъсири террористону ифротгароён таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Самаранокии тамоми механизми бисёрсоҳаи таъмини амнияти СААД ва аз ҷониби ҳамаи кишварҳо таҳти фармондеҳии умумии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ тамрин карда мешавад.
Қисми асосии нерӯҳои Русияро низомиёни воҳиди ҷудогонаи посдори сулҳи Ҳавзаи марказии низомии вилояти Самара ташкил медиҳанд. Мутахассисони рус барои нахустин бор ба ҳамкорони дигар кишварҳои узви СААД ташкили кори гузаргоҳи посдорони сулҳро дар асоси таҷрибаи Қарабоғ, инчунин воситаҳои нави техникии ҳифзи посгоҳҳои фармондеҳии “Стрелец СВ”, маҷмааи муқовимат бо паҳподҳои “Харпун-3”-ро намоиш доданд.
Таҷҳизоти олии техникӣ “Стрелетс СВ” имкон медиҳад, иншоотро шабонарӯзи назорат кунед. Гурӯҳи фаврии ҷанги электронӣ қодир аст, ки паҳподҳои душманро бо дастгоҳи зиддипаҳподии “Ҳарпун” нобуд созад. Ғайр аз он гурӯҳи ҷанги электронӣ истифодаи таҷҳизоти зиддипаҳподии” Силок-02” ва таҷҳизоти дидбонгоҳи истихборотии “Свет-КУ”-ро тамрин мекунад.
Воситаҳои ҷангии сатҳи амалиётӣ, стратегӣ ва тактикӣ ба як системаи ягона бо системаҳои зиддиҳавоӣ, истихбороти электронӣ ва ҳарбию муҳофизати фазоии объектҳо пайваст карда шуданд.
Российские мотострелки уничтожили условные террористические группы на учениях в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
СААД дар пасманзари шадид шудани вазъи Афғонистон дар Қирғизистон тамрин мегузаронад
Нерӯҳои Ҳавзаи марказии низомӣ дар соли 2021 истифодаи зиёда аз 1000 техникаи нав ва муосири низомӣ, аз ҷумла ҷангандаҳои МиГ-31БМ, бомбаандозҳои Су-34, системаҳои зиддимушакии С-300ПМ2, худрави ҷангии пиёданизом (БМП-2М), тонкҳои модерншудаи Т-72B3M ва мошинҳои ҷангии "Терминатор", комплексҳои зиддитанкии "Штурм-С"-ро тамрин мекунанд.
Дар давоми сол аз ҷониби Ҳавзаи марказии низомӣ зиёда аз 200 машқи гуногунҳаҷм гузаронида шуд. Тамрини навбатии воҳидҳои таъиноти махсуси Ҳавзаи марказии ҳарбии “Кобалт-2021” дар тамрингоҳи Лоҳури Тоҷикистон нимаи дуюми моҳи ноябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавам, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия, сохтори Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ва бузургтарин пойгоҳи низомӣ дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад.

Нерӯ ва стратегия

Вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД мушкил боқӣ мемонад. Мавҷудияти ҳарбии ИМА дар Аврупо вусъат ёфта, тавоноии низомии эътилофӣ ва миллии бархе аз кишварҳои хамсоя меафзояд. Ҳамин тавр барои Беларус ва Русия имконияти гурӯҳи ҳамлакунандаи амрикоӣ дар Аврупо ва стратегияи нави ҳастаӣ таҳдид мекунад.
Ба Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бахши афғонистонии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон* таҳдид мекунад, ки шумораи аъзояш то 4000 ҷангҷӯ мебошад. Аксари онҳо дар вилоятҳои шимолии Афғонистон фаъоланд. Террористон кӯшиш доранд, манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ бигиранд, то пойгоҳҳои муносиб эҷод кунанд. Раҳбарони ДОИШ* нақшаҳои вуруд ба Осиёи Марказӣ, Шинҷон-Уйғури Чин ва баъзе минтақаҳои Русияро пинҳон намекунанд.
Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Артиши Русия террористонро дар марзи Афғонистон бомбаборон мекунад: ҳоло танҳо дар тамрин
Ҳамзамон кишварҳои СААД маҷбуранд, ба чолишҳо дар Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вокуниш нишон диҳанд. Низоми амнияти дастаҷамъӣ ба таҳдидҳо бо тадбирҳои муштараки омодагии ҷангӣ, такмили сохтор ва тактикаи муқовимат ба таври кофӣ ва сари вақт вокуниш нишон медиҳад.
Ҷузъи низомии СААД бо дарназардошти вазъи низомию сиёсӣ дар минтақа рушд мекунад. Нерӯҳои густариш ва вокуниши сареъ аз 25 ҳазор сарбоз иборат аст ва барои нест кардани сохторҳои муҳими террористӣ, ки ба минтақаҳо ва кишварҳои алоҳида таҳдид мекунанд, омода аст. Инҳо ҷузъу томҳои сайёр ва воҳидҳои омодагии доимии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД мебошанд, ки бо афсарон ва аслиҳаву техникаи низомии муосир муҷаҳҳаз шудаанд.
Бо қарори сарони кишварҳои СААД аз оғози соли 2015 раҳбарии кулли СААД дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ ба фармондеҳони дахлдори стратегии ҳавзаҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия вогузор шудааст. Стратегияи СААД то соли 2025 рушди низоми амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақаро муайян мекунад, фаъолияти созмонро “дар асоси эҳтироми қатъии истиқлол, иштироки ихтиёрӣ, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳо... тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узв ба танзим медарорад”.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар “Телеграм” пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0