https://sputnik.tj/20211126/ishtirok-rustami-emomali-shuro-bayniparlumoni-idm-1043788998.html
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи 53-юми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок намуда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-11-26T19:20+0500
2021-11-26T19:20+0500
2021-11-26T19:22+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
ҳамкорӣ
маҷлиси миллӣ
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/48/1031084804_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_5c5254b9d533f364563b7a2555db6d69.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҷаласаи 53-юми Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ таҳти раёсати роҳбари Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид. Матвиенко, ки аз соли 2011-ум роҳбарии маҷмаъро ба уҳда дорад, барои муҳлати дигар интихоб гардид.Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҳамоиш аз тариқи фосилавӣ иштирок кард. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, иштирокдорони ҷаласа лоиҳаҳои қонунгузории намунавии аз ҷониби маҷмаъ таҳиягардидаро баррасӣ намудаанд, ки минбаъд метавонанд дар қонунгузории миллии давлатҳои иттиҳод истифода шаванд. Аз ҷумла лоиҳаи қонуни намунавӣ "Дар бораи дастрасии баробар ба пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО (ВИЧ-инфексия) дар кишварҳои ИДМ" баррасӣ шудааст. Лоиҳаи қонунҳои намунавӣ "Дар бораи донории узвҳо", "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ", "Дар бораи ғалла" аз ҷумлаи санадҳои дигари баррасишаванда будаанд. Инчунин иштирокдорон дар мавриди лоиҳаҳои ҳамгироии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, низоми таълими ҳарбии касбӣ ва омодагии нерӯҳои давлатҳои узви ИДМ, тавсияҳо дар бобати ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҷаласаи навбатии Маҷмаи байнипарлумонии ИДМ моҳи марти соли оянда дар Қазоқистон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20211030/imomzoda-tojikiston-omuzgoroni-rusiya-jalb-1043183671.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/48/1031084804_162:0:1979:1363_1920x0_80_0_0_bd69fd875b581017ef620a5f638fdc2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ, маҷлиси миллӣ, ассамблеяи байнипарлумонӣ, идм
рустами эмомалӣ, маҷлиси миллӣ, ассамблеяи байнипарлумонӣ, идм
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ
19:20 26.11.2021 (Навсозишуда: 19:22 26.11.2021) Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Маҷмаи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҷаласаи 53-юми Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ таҳти раёсати роҳбари Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид. Матвиенко, ки аз соли 2011-ум роҳбарии маҷмаъро ба уҳда дорад, барои муҳлати дигар интихоб гардид.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҳамоиш аз тариқи фосилавӣ иштирок кард. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, иштирокдорони ҷаласа лоиҳаҳои қонунгузории намунавии аз ҷониби маҷмаъ таҳиягардидаро баррасӣ намудаанд, ки минбаъд метавонанд дар қонунгузории миллии давлатҳои иттиҳод истифода шаванд.
Аз ҷумла лоиҳаи қонуни намунавӣ "Дар бораи дастрасии баробар ба пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО (ВИЧ-инфексия) дар кишварҳои ИДМ" баррасӣ шудааст.
Лоиҳаи қонунҳои намунавӣ "Дар бораи донории узвҳо", "Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ", "Дар бораи ғалла" аз ҷумлаи санадҳои дигари баррасишаванда будаанд.
Инчунин иштирокдорон дар мавриди лоиҳаҳои ҳамгироии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ, низоми таълими ҳарбии касбӣ ва омодагии нерӯҳои давлатҳои узви ИДМ, тавсияҳо дар бобати ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи рушди рақамӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷаласаи навбатии Маҷмаи байнипарлумонии ИДМ моҳи марти соли оянда дар Қазоқистон баргузор мешавад.