https://sputnik.tj/20211125/vmkb-guzasht-tirparoni-zakhm-nafar-1043761365.html
Дар ВМКБ чӣ гузашт: мақомот аз захмие мегӯянду сокинон "тобут" оварданд
Дар ВМКБ чӣ гузашт: мақомот аз захмие мегӯянду сокинон "тобут" оварданд
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии Бадахшон мегӯяд, дар пайи тирпаронӣ бо кормандони мақомот як нафар захмӣ шудааст, вале сокинон дар расонаҳои иҷтимоӣ аз марг хабар медиҳанд
2021-11-25T16:18+0500
2021-11-25T16:18+0500
2021-11-25T20:53+0500
вмкб
тирпаронӣ
додситонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101358/62/1013586205_0:72:2881:1692_1920x0_80_0_0_b23f166448ee7184b76e3f499da29c44.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Қабл аз зуҳри имрӯз, 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Г. Зиёбеков дар зимни як бархӯрди мусаллаҳона бо кормандони мақомот захмӣ шуд, хабар медиҳад додситонии ВМКББа иттилои манбаъ, Г. Зиёбеков барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ. 3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ. 3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.Гуфта мешавад, Г. Зиёбеков бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷинояӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа А. Абирзодаро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯбу шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Г. Зиёбеков ва ҳаммаслаконаш аз тарафи додситонии ВМКБ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Мақомот мегӯяд, ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинбораи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ дар кофтукови расмӣ қарор гирифтаанд.Мақомот аз захмӣ шудани як нафар дар ҳоле мегӯяд, ки расонаҳои иҷтимоӣ аз ба майдони марказии Хоруғ баромадани ҷавонон ҳамроҳ бо ҷасади Зиёбеков хабар медиҳанд.
https://sputnik.tj/20200619/Bahsi-girdihamoiho-dar-jalasai-operativii-Sitodi-tamini-amniyat-dar-VMKB-video-1031438306.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101358/62/1013586205_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e9a220c3264334b3a515c81eb250436e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб мақомот захмӣ сокинон "тобут"
вмкб мақомот захмӣ сокинон "тобут"
Дар ВМКБ чӣ гузашт: мақомот аз захмие мегӯянду сокинон "тобут" оварданд
16:18 25.11.2021 (Навсозишуда: 20:53 25.11.2021) Додситонии Бадахшон мегӯяд, дар пайи тирпаронӣ бо кормандони мақомот як нафар захмӣ шудааст, вале сокинон дар расонаҳои иҷтимоӣ аз марг хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Қабл аз зуҳри имрӯз, 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Г. Зиёбеков дар зимни як бархӯрди мусаллаҳона бо кормандони мақомот захмӣ шуд, хабар медиҳад додситонии ВМКБ
Ба иттилои манбаъ, Г. Зиёбеков барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ. 3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ. 3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.
"Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи "Макаров", ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид", - афзуд манбаъ.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.
Гуфта мешавад, Г. Зиёбеков бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷинояӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа А. Абирзодаро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯбу шиканҷа қарор дода буданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Г. Зиёбеков ва ҳаммаслаконаш аз тарафи додситонии ВМКБ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мақомот мегӯяд, ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинбораи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ дар кофтукови расмӣ қарор гирифтаанд.
Мақомот аз захмӣ шудани як нафар дар ҳоле мегӯяд, ки расонаҳои иҷтимоӣ аз ба майдони марказии Хоруғ баромадани ҷавонон ҳамроҳ бо ҷасади Зиёбеков хабар медиҳанд.