ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Генерал Абдураҳмон Аламшозода, сардори Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар ВМКБ, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таъкид кардааст, ки маъмурин бо мардум хушмуомила бошанд.
Тибқи гузориши телевизиони “Бадахшон”, Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот минбаъд низ фаъолияташро дар вилоят идома хоҳад дод.
Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи оперативӣ масъалаи гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, тартибот дар роҳҳо, пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ғайристандартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Бар асоси гузориши ТВ Бадахшон, Ситоди байниидоравии таъмини тарбтибот, аз фаъолону зиёиён даъват кардааст, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд, аз таъсири гуруҳҳои манфиатҷуӯй, иштирок дар гирдиҳамоӣ ва даст задан ба бетартибиҳо пешгирӣ намоянд.
Анҷоми ҳамоишҳо дар Рӯшон
Баррасии ин масоил аз ҷониби Ситод дар ҳолест, ки ҳамоиши ахир дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд. Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.
Феълан сокинон мегӯянд, ин қазия бо он, ки гуруҳи наздик ба 10-нафарӣ барои нақзи тартибот ҷаримабандӣ мешаванд, анҷом ёфт. Дар мавриди муҷозоти маъмурине, ки ба иддаои бархе сокинон даст ба латукӯб задаанд, феълан иттилое ироа нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон расман ин қазияро шарҳ надоданд, танҳо котиботи ҳукумати ВМКБ қаблан эътироз дар Хоруғ дар ҳамраъйӣ бо сокинони Рӯшонро рад карда, наворе нашр намуда буд.