https://sputnik.tj/20211125/tolibon-shart-masdud-saforatho-afghoniston-davlathoi-khorij-1043754969.html
"Ба мардуму ҳукумати нав хидмат кунед": Толибон шарти масдуд накардани сафоратҳоро гуфтанд
"Ба мардуму ҳукумати нав хидмат кунед": Толибон шарти масдуд накардани сафоратҳоро гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Сафоратхонаҳои Афғонистон дар давлатҳои хориҷ ба шарте масдуд намешаванд, агар ба мардум ва ҳукумати ҷадид хидмат кунанд
2021-11-25T13:20+0500
2021-11-25T13:20+0500
2021-11-25T16:59+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
сафорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1043000197_0:0:2847:1602_1920x0_80_0_0_865b875aaf3ccb50c8963edbaff22e62.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Толибон нияти бастани сафоратҳои Афғонистон дар хориҷи ин кишварро надоранд.Дар ин бора Суҳайл Шоҳин, намояндаи доимии Афғонистон дар СММ ба ТАСС хабар додааст.Вай гуфт, ба дипломатҳои афғонистонӣ ба шарте иҷозаи идомаи фаъолият дода мешавад, ки содиқона ба мардум ва ҳукумати нави Афғонистон хидмат кунанд.Дар ҳамин ҳо, толибон аз кормандони намояндагиҳои ин кишвар дар хориҷ даъват намуданд, ки ба кори маъмулии худ идома диҳанд. Вале аксари дипломатҳо изҳор доштаанд, ҳукумати нави Афғонистонро қабул надоранд.Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд. Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Рӯзи 6-уми сентябр Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.
https://sputnik.tj/20211124/tolibon-barnomaho-halol-harom-televizion-1043741768.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1043000197_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_01246e5fce88744b524f7c618eafc0cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон сафорат
"Ба мардуму ҳукумати нав хидмат кунед": Толибон шарти масдуд накардани сафоратҳоро гуфтанд
13:20 25.11.2021 (Навсозишуда: 16:59 25.11.2021) Сафоратхонаҳои Афғонистон дар давлатҳои хориҷ ба шарте масдуд намешаванд, ба мардум ва ҳукумати ҷадид хидмат кунанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Толибон нияти бастани сафоратҳои Афғонистон дар хориҷи ин кишварро надоранд.
Дар ин бора Суҳайл Шоҳин, намояндаи доимии Афғонистон дар СММ ба ТАСС хабар додааст.
"Мо сафоратхонаҳоро бастанӣ нестем. Аммо ҳамчун ҳукумат, албатта, баъзе дипломатҳоро аз як сафорат ба сафорати дигар ва ё ба Вазорати корҳои хориҷии Кобул интиқол медиҳем. Ин як амри маъмулист", - таъкид намудааст ӯ.
Вай гуфт, ба дипломатҳои афғонистонӣ ба шарте иҷозаи идомаи фаъолият дода мешавад, ки содиқона ба мардум ва ҳукумати нави Афғонистон хидмат кунанд.
Дар ҳамин ҳо, толибон аз кормандони намояндагиҳои ин кишвар дар хориҷ даъват намуданд, ки ба кори маъмулии худ идома диҳанд. Вале аксари дипломатҳо изҳор доштаанд, ҳукумати нави Афғонистонро қабул надоранд.
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Рӯзи 6-уми сентябр Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.