https://sputnik.tj/20211125/taghyirot-kadr-rahmon-dodras-dodsiton-1043758790.html
Раҳмон 23 додрасу додситонро таъйину барканор кард: Поквиҷдонона хизмат кунед
Раҳмон 23 додрасу додситонро таъйину барканор кард: Поквиҷдонона хизмат кунед
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар чанд ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар тағйироти кадрӣ ба вуҷуд овард.
2021-11-25T14:44+0500
2021-11-25T14:44+0500
2021-11-25T18:14+0500
эмомалӣ раҳмон
тағйироти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043758656_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_c7e0d9fb43872183432d2b7c0194672c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат бо кадрҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот – додгоҳ, додситонӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд, мулоқот намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.Бо фармонҳои ҷудогонаи Эмомалӣ Раҳмон раисони додгоҳҳои ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияи Лахш ва додрасҳои бархе аз шаҳру навоҳии мамлакат аз мақомашон барканор шудаанд.Сабаби барканории додрасҳо чунин ташреҳ шуда: онҳо бинобар "ба анҷом расидани муҳлати ваколати судя аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хидматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъултар таъин гардиданд".Ҳамзамон президент дар мақомоти додситонӣ низ тағйироти кадрӣ кардааст.Ба иттилои манбаъ, додситонҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иваз шудаанд. Президент инчунин додситонҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд ва Фирдавсии шаҳри Душанберо аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва дорои маҳорати роҳбарӣ таъйин кардааст.Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, кормандони навро ба хидмати софдилона даъват кард.Ӯ дар зимни мулоқот ба роҳбарону масъулини сохторҳои мазкур эшонро дар робита ба бозомӯзии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, дастуру супоришҳои мушаххас дод."Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20211125/prezident-kadrho-kumita-memori-jobajo-kard-1043758379.html
https://sputnik.tj/20211125/rahmon-mudiron-se-televizion-tain-1043758297.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043758656_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_0d19ecb29179193d07ebe47679d51658.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон суд прокурор шаҳр навоҳӣ таъйин барканор
раҳмон суд прокурор шаҳр навоҳӣ таъйин барканор
Раҳмон 23 додрасу додситонро таъйину барканор кард: Поквиҷдонона хизмат кунед
14:44 25.11.2021 (Навсозишуда: 18:14 25.11.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар чанд ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар тағйироти кадрӣ роҳандозӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат бо кадрҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот – додгоҳ, додситонӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд, мулоқот намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Бо фармонҳои ҷудогонаи Эмомалӣ Раҳмон раисони додгоҳҳои ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияи Лахш ва додрасҳои бархе аз шаҳру навоҳии мамлакат аз мақомашон барканор шудаанд.
Сабаби барканории додрасҳо чунин ташреҳ шуда: онҳо бинобар "ба анҷом расидани муҳлати ваколати судя аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хидматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъултар таъин гардиданд".
Ҳамзамон президент дар мақомоти додситонӣ низ тағйироти кадрӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, додситонҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иваз шудаанд.
Президент инчунин додситонҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд ва Фирдавсии шаҳри Душанберо аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва дорои маҳорати роҳбарӣ таъйин кардааст.
Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, кормандони навро ба хидмати софдилона даъват кард.
Ӯ дар зимни мулоқот ба роҳбарону масъулини сохторҳои мазкур эшонро дар робита ба бозомӯзии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон аз ҳисоби занону бонувон ва ҷавононе, ки донишҳои мукаммали замонавӣ дошта, ду ва ё зиёда забонҳои хориҷиро медонанд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
"Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.