Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Президент мақомоти Кумитаи меъмориро ҷо ба ҷо кард

© Sputnik / Алексей ВитвицкийПапка с документами, архивное фото
Папка с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд қарор мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро ҷо ба ҷо кард
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон тағйироти кадрӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон Абдураҳимзода Парвиз Абдураҳимро сардори Хадамоти давлатии меъморӣ ва сохтмони кумитаи мазкур таъйин кард.
Ҳамзамон бо қарори дигари президент Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон интисоб шуд.
Оборудование внутри фургона новой передвижной телевизионной студии в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раҳмон мудирони се телевизионро таъйин кард
Илова бар ин ба курсии сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмонии кумитаи мазкур Ашӯрзода Бахтиёр Саидқул такя зад.
Манбаъ меафзояд, бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Нуруллозода Сафарбек Нурулло, мудири Маркази татбиқи лоиҳаи "Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон - Зиғар" таъйин гардид.
Гуфта мешавад, роҳбари давлат бо кадрҳои таъйиннамуда дар Қасри Миллат мулоқот кард ва онҳоро ба донишомӯзӣ талқин карду гуфт, бо истифода аз технологияҳои муосир сатҳи дониши тахассусии худро баланд бардоранд.
Президент аз онҳо талаб намуд, ки содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватан ва ба нафъи миллат хидмат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0