https://sputnik.tj/20211125/rustam-britoniyo-tahkim-sarhad-afghoniston-1043764991.html
Рустам бо сафири Бритониё таҳкими сарҳад бо Афғонистонро баррасӣ кард
Рустам бо сафири Бритониё таҳкими сарҳад бо Афғонистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо вазъи ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму маориф баррасӣ кардаанд.
2021-11-25T19:00+0500
2021-11-25T19:00+0500
2021-11-25T20:00+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
амният ва мудофиа
рустами эмомалӣ
марз
бритониё
таҳким
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043764805_5:0:796:445_1920x0_80_0_0_313e4e716799fb40ea384fe6b8abc36e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс бо хоҳиши ӯ дидору мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки сиёсатмадори тоҷик нахуст сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу кардааст.Рустами Эмомалӣ ҳамкории байнипарлумониро аз омилҳои муассири тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат арзёбӣ намудааст.Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму маориф баррасӣ кардаанд.Манбаъ афзуд, дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки равобити мунтазами сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни ду давлат заминаи мусоид фароҳам овардаанд.Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Бритониё сӣ сол қабл барқарор шуда буд.
https://sputnik.tj/20211019/britoniyo-etirof-tolibon-terrorizm-1042966769.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043764805_104:0:697:445_1920x0_80_0_0_ef52e267243d93f2c9245d3ab34cb37a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, рустами эмомалӣ, бритониё
мулоқот, рустами эмомалӣ, бритониё
Рустам бо сафири Бритониё таҳкими сарҳад бо Афғонистонро баррасӣ кард
19:00 25.11.2021 (Навсозишуда: 20:00 25.11.2021) Бритониё ва Тоҷикистон чолишҳои таҳдидкунанда аз сӯйи Афғонистонро якҷоя пешгирӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс бо хоҳиши ӯ дидору мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки сиёсатмадори тоҷик нахуст сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу кардааст.
Рустами Эмомалӣ ҳамкории байнипарлумониро аз омилҳои муассири тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат арзёбӣ намудааст.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму маориф баррасӣ кардаанд.
Зимни баррасии масоили вобаста ба амнияти минтақа ва ҷаҳон бо назардошти вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳад ва тақвияти мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир таъкид карда шуд.
Манбаъ афзуд, дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки равобити мунтазами сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни ду давлат заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Бритониё сӣ сол қабл барқарор шуда буд.