https://sputnik.tj/20211019/britoniyo-etirof-tolibon-terrorizm-1042966769.html
Сафири Бритониё: Эътирофи "Толибон"* терроризмро қонунӣ мегардонад
Сафири Бритониё: Эътирофи "Толибон"* терроризмро қонунӣ мегардонад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон алайҳи ҳукумати нави Афғонистон шадидан мухолиф кард 19.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-19T15:10+0500
2021-10-19T15:10+0500
2021-10-19T15:10+0500
сиёсат
афғонистон
бритониё
мулоқот
гурӯҳи террористии "толибон"
дипломатҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042582318_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_5fae24c669405551f57b49935860e608.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Сафири тозатаъийни Бритониё дар Тоҷикистон Тим Ҷонс ва сафири Афғонистон дар ҷумҳурӣ Муҳаммад Зоҳир Ағбар рӯзи душанбе гузашта мулоқот анҷом доданд.Дафтари матбуотии сафорати Афғонистон хабар дод, ки мавзӯи асосии муколамаи дипломатҳо вазъ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон буд.Намояндаи Бритониё дар ин мулоқот итминон додааст, ки кишвараш расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистонро идома медиҳад.Тим Ҷонс ҳамчунин гуфт, ки масъалаи эътирофи ҳукумати нави "Толибон"* дар конфронси амнияти G-20 матраҳ хоҳад шуд ва ба эҳтимоли зиёд кишварҳои иштирокчӣ дар ин нишаст тасмими муштарак хоҳанд гирифт.Вай ҳамчунин қайд кард, аслиҳа ва таҷҳизоте, ки дар ихтиёри "Толибон"* қарор гирифтааст, ин гурӯҳро қавӣ карда, ки ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунад. * - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
афғонистон
бритониё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042582318_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_55f64dcd924daa72bc322119ca3c5819.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир бритониё эътироф "толибон"* терроризм
сафир бритониё эътироф "толибон"* терроризм
Сафири Бритониё: Эътирофи "Толибон"* терроризмро қонунӣ мегардонад
Намояндаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон алайҳи ҳукумати нави Афғонистон шадидан мухолиф кард
ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Сафири тозатаъийни Бритониё дар Тоҷикистон Тим Ҷонс ва сафири Афғонистон дар ҷумҳурӣ Муҳаммад Зоҳир Ағбар рӯзи душанбе гузашта мулоқот анҷом доданд.
Дафтари матбуотии сафорати Афғонистон хабар дод, ки мавзӯи асосии муколамаи дипломатҳо вазъ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон буд.
Намояндаи Бритониё дар ин мулоқот итминон додааст, ки кишвараш расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистонро идома медиҳад.
Тим Ҷонс ҳамчунин гуфт, ки масъалаи эътирофи ҳукумати нави "Толибон"* дар конфронси амнияти G-20 матраҳ хоҳад шуд ва ба эҳтимоли зиёд кишварҳои иштирокчӣ дар ин нишаст тасмими муштарак хоҳанд гирифт.
"Аксарияти раҳбарони "Толибон"* ҳоло ҳам дар "рӯйхати сиёҳ"-и СММ ҳастанд. Онҳо бо шабакаҳои террористӣ алоқаманданд ва эътирофи ҳукумати онҳо боиси қонунигардонии гурӯҳҳои террористӣ мешавад", - гуфт дипломати бритониёӣ.
Вай ҳамчунин қайд кард, аслиҳа ва таҷҳизоте, ки дар ихтиёри "Толибон"* қарор гирифтааст, ин гурӯҳро қавӣ карда, ки ба минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон