https://sputnik.tj/20211115/ojonsi-kapitan-vkd-bozdosht-1043543551.html
Оҷонсӣ капитани ВКД-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард
Оҷонсӣ капитани ВКД-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Як корманди Вазорати корҳои дохили бо як ҳамдасти дигараш барои кумак дар парвандаи ҷиноӣ пул гирифтаанд
2021-11-15T09:30+0500
2021-11-15T09:30+0500
2021-11-15T11:24+0500
вкд
оҷонсии зидди фасод
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Вазорати корҳои дохилиро бо як ҳамдасти дигараш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия, хонум З.М ва шаҳрванд А.А. мебошанд.Боздоштшудаҳо дар асоси маслиҳати пешакӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154000 сомониро гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накардаанд, афзудааст оҷонсӣ.Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати А.А ва корманди ВКД З.М бо моддаи 247 (қисми 4 банди "б")-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, парвандаи ҷиноии мазкур бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол шудааст.Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда боздоштшуда 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонӣ хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20211102/ojonsi-mansabdor-devashtich-qallob-bozdosht-1043228162.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оҷонсӣ капитан вкд боздошт
оҷонсӣ капитан вкд боздошт
Оҷонсӣ капитани ВКД-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кард
09:30 15.11.2021 (Навсозишуда: 11:24 15.11.2021) Як корманди Вазорати корҳои дохилӣ бо як ҳамдасти дигараш барои кумак дар парвандаи ҷиноӣ пул гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Вазорати корҳои дохилиро бо як ҳамдасти дигараш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия, хонум З.М ва шаҳрванд А.А. мебошанд.
Боздоштшудаҳо дар асоси маслиҳати пешакӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154000 сомониро гирифта, ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накардаанд, афзудааст оҷонсӣ.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати А.А ва корманди ВКД З.М бо моддаи 247 (қисми 4 банди "б")-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, парвандаи ҷиноии мазкур бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда боздоштшуда 87 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонӣ хоҳад шуд.