Муҳриддин аз Лавров хост, гунаҳкорони куштори тоҷикон дар Русия муҷозот шаванд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Обуна шудан
Вазири тоҷик таваҷҷуҳи Сергей Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои русаш Сергей Лавров телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар рафти гуфтугӯ сиёсатмадорон қазияи кушта шудани шаҳврандони Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

"Мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух додааст, ки дар натиҷаи он шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, муфассал баррасӣ карданд", — зикр намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Муҳриддин таваҷҷуҳи Сергей Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард.
Манбаъ афзуда, вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор медиҳанд.
Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати Тоҷикистон
Сиёсатмадорон инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд ва доир ба баъзе масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо тамаркуз ба иҷрои карорҳои ҷаласаи Душанбегии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД табодули афкор намуданд.

Фавту маҷрӯҳ шудани муҳоҷирон дар Иркутск

Шоми 12-уми ноябр миёни гурӯҳе аз сохтмончиён ва сокинони маҳаллӣ муноқиша рух додааст, ки баъдан ба задухӯрд печид.
Дар идома афроди номаълум вагонҳои истиқоматии сохтмончиёнро оташ заданд, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигари маҷрӯҳ гардид.
Аз рӯи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия (одамкушӣ) парванда боз шуд. Сохтмончиён шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Лентаи хабарҳо
0