Пас аз қазияи Хоруғ: зодагони ВМКБ дар Маскав ҷамъ шуданд - акс

© SputnikМигранты у посольства Таджикистана в Москве
Мигранты у посольства Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Обуна шудан
Зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав таҷаммуъ кард.
"Дар кӯчаҳои ҳамшафат чораҳои амниятӣ пурзӯр карда шуда, пулис даромадгоҳи намояндагии дипломатиро бастааст", - хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса.
© Sputnik

Таҷаммуи муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Таҷаммуи муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
1/5

2/5

3/5

4/5

5/5

Манбаъ афзуд, ки дар маҷмуъ вазъ дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав ором аст.

Қазияи Зиёбеков

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши расонаҳои маҳаллӣ, дар шаҳри Хоруғ пас аз амалиёти вижа лайҳи боздошти сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Г. Зиёбеков, мардум ба назди бинои ҳукумат баромаданд.
Ба иттилои Додситонии Бадахшон, Зиёбеков барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ. 3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ. 3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2021
Дар ВМКБ чӣ гузашт: мақомот аз захмие мегӯянду сокинон "тобут" оварданд
Ҳамин тавр, тибқи иттилои расмӣ, номбурда ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ барои боздошт бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи "Макаров" оташ кушодааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.
Мақомот аз захмӣ шудани ӯ дар ҳоле мегӯяд, ки расонаҳои иҷтимоӣ аз ба майдони марказии Хоруғ баромадани ҷавонон ҳамроҳ бо ҷасади Зиёбеков хабар медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0