https://sputnik.tj/20211125/jo-bayden-saraton-jarrohi-1043752229.html
Ҷо Байден гирифтори саратон аст ва ҷарроҳӣ шуд
Ҷо Байден гирифтори саратон аст ва ҷарроҳӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кохи сафед хабар дод, ки сиҳатии кишвардори Амрико Ҷо Байден пас аз ҷарроҳӣ хуб аст
2021-11-25T11:50+0500
2021-11-25T11:50+0500
2021-11-25T15:19+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1f/1043193379_0:0:3087:1737_1920x0_80_0_0_f3959e74a1138adff5fc7b6450e8da34.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден, ки гирифтори саратон будааст, аллакай ҷарроҳӣ шудааст, хабар медиад РИА "Новости".Пизишкон мегӯянд, саратони ӯ ҳарчанд хатарзо набуд, вале ба далели варамӣ онро ҷарроҳӣ намуда гирифтанд. Ба гуфтаи табиби Кохи Сафед О'Коннор, саратони Ҷо Байден аденомаи 3-миллиметрӣ буда, ҳоло дахолатҳои минбаъдаро талаб намекунад.Ҷо Байден, ки 79 сол дорад, ҳафтаи гузашта аз муоинаи тиббӣ гузашт. Табибон ба хулосае омаданд, ки вазъи саломатияш ба ӯ имкон медиҳад, ки вазифаҳои роҳбари давлат ва сарфармондеҳи олии нерӯҳои низомиро иҷро кунад. Ҳоло ба Байден "назорати муқаррарӣ" тавсия додаанд ва пас аз 7-10 сол бояд дубора аз колоноскапия гузарад.Зикр гардид, ки дар замони ҷарроҳӣ шудан ӯ тамоми масъулияти худро ба дӯши ноиби президент Камола Ҳарис вогузор намуда буд.Тибқи қавонини Амрико, ноиби президент ҳақ дорад, дар сурати аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш набаромадани раисҷумҳур ба ҷойи ӯ ҳукумат кунад.Байден 3 ноябри соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Раҳбари кунунии Амрико номзад аз Ҳизби демократии ИМА буд.Рақиби аслии ӯ ҷумҳурихоҳ ва раисҷумҳур Доналд Трамп буд. Байден беш аз 81 миллион овоз гирифт.
https://sputnik.tj/20211119/bayden-vakolat-kamala-1043653187.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1f/1043193379_166:0:2897:2048_1920x0_80_0_0_17fcb61c75147af540e49be08119a35a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷо байден саратон
Ҷо Байден гирифтори саратон аст ва ҷарроҳӣ шуд
11:50 25.11.2021 (Навсозишуда: 15:19 25.11.2021) Кохи Cафед хабар дод, ки саломатии кишвардори Амрико Ҷо Байден пас аз ҷарроҳӣ хуб шудааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден, ки гирифтори саратон будааст, аллакай ҷарроҳӣ шудааст, хабар медиад РИА "Новости".
Пизишкон мегӯянд, саратони ӯ ҳарчанд хатарзо набуд, вале ба далели варамӣ онро ҷарроҳӣ намуда гирифтанд. Ба гуфтаи табиби Кохи Сафед О'Коннор, саратони Ҷо Байден аденомаи 3-миллиметрӣ буда, ҳоло дахолатҳои минбаъдаро талаб намекунад.
Ҷо Байден, ки 79 сол дорад, ҳафтаи гузашта аз муоинаи тиббӣ гузашт. Табибон ба хулосае омаданд, ки вазъи саломатияш ба ӯ имкон медиҳад, ки вазифаҳои роҳбари давлат ва сарфармондеҳи олии нерӯҳои низомиро иҷро кунад.
Ҳоло ба Байден "назорати муқаррарӣ" тавсия додаанд ва пас аз 7-10 сол бояд дубора аз колоноскапия гузарад.
Зикр гардид, ки дар замони ҷарроҳӣ шудан ӯ тамоми масъулияти худро ба дӯши ноиби президент Камола Ҳарис вогузор намуда буд.
Тибқи қавонини Амрико, ноиби президент ҳақ дорад, дар сурати аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш набаромадани раисҷумҳур ба ҷойи ӯ ҳукумат кунад.
Байден 3 ноябри соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Раҳбари кунунии Амрико номзад аз Ҳизби демократии ИМА буд.
Рақиби аслии ӯ ҷумҳурихоҳ ва раисҷумҳур Доналд Трамп буд. Байден беш аз 81 миллион овоз гирифт.