https://sputnik.tj/20211125/bozori-sultoni-kabir-ro-mebandand--1043748777.html
Бозори “Султони Кабир”-ро мебанданд: шарҳи ҳукумати Душанбе
Бозори “Султони Кабир”-ро мебанданд: шарҳи ҳукумати Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар асоси нақшаи бозсозии шаҳр бузургтарин бозори масолеҳи сохтмонии пойтахт баста мешавад
2021-11-25T09:03+0500
2021-11-25T09:03+0500
2021-11-25T11:24+0500
дар тоҷикистон
душанбе
султони кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/02/1041360776_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_7759c1b2b850dde5ee3e20e3202e367d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бозори Султони Кабир аз 1 марти соли 2022 баста мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе. Яке аз калонтарин бозорҳо, ки ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ихтисос дорад, бинобар нақшаи беҳбуди шаҳрсозӣ баста мешавад.Шаҳрдорӣ иттилоъ медиҳад, ки ба соҳибкорону тоҷирони бозор майдонҳои алтернативии тиҷоратӣ пешниҳод карда мешаванд. "Қобили зикр аст, ки сохтмони шаҳраки тиббӣ, бунгоҳҳои саломатӣ ва майдонҳои сабз дар барномаи кулли шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд", - гуфтанд дар шаҳрдорӣ. Дар чаҳорчӯби нақшаи генералии ободонии шаҳри Душанбе қарор аст, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Абай дар ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои Ҷомии ноҳияи Сино “мувофиқи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии муосир” тарроҳӣ шаванд.Бозори масолеҳи сохтмонии "Султони Кабир" соли 2000 сохта шудааст. Ин бозор дар майдони 5 бунёд шуда, тибқи маълумоти охирин, дар ҳудуди маҷмааи савдо тақрибан 1,7 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунад.
https://sputnik.tj/20210215/Dar-Dushanbe-ba-oyi-bozori-sobi-al-am-sharaki-zamonav-mesozand-1032831741.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/02/1041360776_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_dc2a36655d908257555f2c4cce39f14e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозор “султони кабир” мебанданд
бозор “султони кабир” мебанданд
Бозори “Султони Кабир”-ро мебанданд: шарҳи ҳукумати Душанбе
09:03 25.11.2021 (Навсозишуда: 11:24 25.11.2021) Дар асоси нақшаи бозсозии шаҳр бузургтарин бозори масолеҳи сохтмонии пойтахт баста мешавад
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бозори Султони Кабир аз 1 марти соли 2022 баста мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.
Яке аз калонтарин бозорҳо, ки ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ихтисос дорад, бинобар нақшаи беҳбуди шаҳрсозӣ баста мешавад.
Шаҳрдорӣ иттилоъ медиҳад, ки ба соҳибкорону тоҷирони бозор майдонҳои алтернативии тиҷоратӣ пешниҳод карда мешаванд.
"Қобили зикр аст, ки сохтмони шаҳраки тиббӣ, бунгоҳҳои саломатӣ ва майдонҳои сабз дар барномаи кулли шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд", - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Дар чаҳорчӯби нақшаи генералии ободонии шаҳри Душанбе қарор аст, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Абай дар ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои Ҷомии ноҳияи Сино “мувофиқи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии муосир” тарроҳӣ шаванд.
Бозори масолеҳи сохтмонии "Султони Кабир" соли 2000 сохта шудааст. Ин бозор дар майдони 5 бунёд шуда, тибқи маълумоти охирин, дар ҳудуди маҷмааи савдо тақрибан 1,7 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунад.