https://sputnik.tj/20210215/Dar-Dushanbe-ba-oyi-bozori-sobi-al-am-sharaki-zamonav-mesozand-1032831741.html
Дар Душанбе ба ҷойи бозори собиқ "Ҷал-Ҷам" шаҳраки замонавӣ месозанд
Дар Душанбе ба ҷойи бозори собиқ "Ҷал-Ҷам" шаҳраки замонавӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҳаллаи Яккачинор, ки асосан хонаҳои хусусӣ ҷойгир аст, шаҳраки нави истиқоматӣ бо инфрасохтори худ пайдо мешавад 15.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-15T21:00+0500
2021-02-15T21:00+0500
2021-02-15T21:04+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103145/63/1031456310_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_ebb9cda7349ba67a995fb118cad668a9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди собиқ бозори "Ҷал-Ҷам" ва биноҳои атрофи он шаҳраки нави замонавӣ бунёд мегардад, хабар медиҳад Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт.Ба иттилои манбаъ, тибқи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур дар ин мавзеъ сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва мактаб барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.Гуфта мешавад, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2020 бо бартараф намудани бозори "Ҷал-Ҷам" ва биноҳои атрофи он барои таҳияи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур иҷозат дода шудааст.Лоиҳаи мазкур аз ҷониби "ҶСК Шаҳрофар" дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия мегардад."Маҷрои дарёро дигар мекунад": Агентӣ сохтмони "Ёқут – 2000"-ро ғайриқонунӣ хондБозори "Ҷал-Ҷам" аз машҳуртарин марказҳои савдои масолеҳи сохтмонӣ дар кишвар буд, ки аввали соли 2020 тахриб ва тоҷирони он ба маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, воқеъ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчиданд.
https://sputnik.tj/20210212/Davlatzoda-teatr-Mayakovski-1032812961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103145/63/1031456310_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_af516ba6c3971509e7d4be86af51807e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Дар Душанбе ба ҷойи бозори собиқ "Ҷал-Ҷам" шаҳраки замонавӣ месозанд
21:00 15.02.2021 (Навсозишуда: 21:04 15.02.2021) Дар маҳаллаи Яккачинор, ки асосан хонаҳои хусусӣ ҷойгир аст, шаҳраки нави истиқоматӣ бо инфрасохтори худ пайдо мешавад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди собиқ бозори "Ҷал-Ҷам" ва биноҳои атрофи он шаҳраки нави замонавӣ бунёд мегардад, хабар медиҳад Сарраёсати
меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, тибқи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур дар ин мавзеъ сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва мактаб барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2020 бо бартараф намудани бозори "Ҷал-Ҷам" ва биноҳои атрофи он барои таҳияи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур иҷозат дода шудааст.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби "ҶСК Шаҳрофар" дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия мегардад.
Бозори "Ҷал-Ҷам" аз машҳуртарин марказҳои савдои масолеҳи сохтмонӣ дар кишвар буд, ки аввали соли 2020 тахриб ва тоҷирони он ба маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, воқеъ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчиданд.