Толибҳо мегӯянд, содирот аз Афғонистон афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузариш ба медиабонкГрузовики в Афганистане, архивное фото
Грузовики в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Обуна шудан
Мақомдори толибҳо мегӯяд, дар замони ҳукмронии намояндагони ин гурӯҳ содироти мол аз Афғонистон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибҳо мегӯяд, содирот дар Афғонистон беш аз ду баробар зиёд гардидааст.
Самангонӣ дар "Твиттер"-и худ нигоштааст, ки Афғонистон дар се моҳи охири низоми қаблӣ ба андозаи 11,58 миллиард афғонӣ содирот дошт.
Ӯ барои муқоиса зикр намуд, ки дар се моҳи охири низоми кунунӣ 26,68 миллиард афғонӣ содирот анҷом дода шудааст, ки рушди 132-дарсадиро ташкил медиҳад. Аммо мушаххас зикр нашудааст, ки кадом молҳо аз ин кишвар ба хориҷ бурда шудаанд.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Солеҳ аз фурӯпошии бахши бонкӣ дар Афғонистон хабар дод
Ин дар ҳолест, қаблан Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, вазири молияи толибҳо эълом кард, ки тайи 78 рӯзи кории баъд аз тасаллути Афғонистон ҳукумати ташкилкардаашон 26,9 миллион афғонӣ оидот доштааст. Ин вазоратхона ҳамчунин эълом кард буд, ки ҳуқуқи семоҳаи кормандони давлатӣ якҷо пардохт хоҳад шуд.
Толибҳо дар Афғонистон нимаи моҳи август қудратро ғасб карда, аз ташкили имороти исломӣ хабар доданд. Феълан ин гурӯҳ талош дорад, ки пулҳои мунҷамиди давлати қаблӣ озод карда ва ба ихтиёри толибҳо гузошта шаванд.
Лентаи хабарҳо
0