Солеҳ аз фурӯпошии бахши бонкӣ дар Афғонистон хабар дод

© AP / Kamran JebreiliАмрулла Салех
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Обуна шудан
Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳурии Афғонистон вазъи низоми бонкии ин кишварро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар Афғонистон бахши бонкӣ хароб шудааст, гуфт ноиби президенти маъмурияти пештараи ин мамлакат Амрулло Солеҳ, ки пештар худро роҳбари ин давлат эълон карда буд.

"Сектори бонкии Афғонистон дар остонаи таназзул нест, он аллакай хароб шудааст.", - навиштааст ӯ дар сафҳаи "Twitter"

Муовини собиқи раисҷумҳур ба ҷуз аз мушкилоти молӣ аз набуди мутахассисон ва мудирон дар бахши бонкдорӣ ёдовар шуда, Бонки марказиро "миёнтиҳӣ" номид.
Қаблан Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ таъкид карда буд, ки низоми молӣ ва низоми пардохтҳои бонкӣ дар Афғонистон "дар ҳоли бесарусомонӣ" қарор дорад ва барои барқарории он метавонад даҳсолаҳо тӯл кашад.
Мужчина держит в руках деньги, афгани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Ҳушдори СММ аз вазъи вахими низоми молии Афғонистон
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои Амрико шиддат гирифт. То нимаи моҳи август, дар пасманзари хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон толибон ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш ба раҳбарии вазири умури дохилии собиқ Аҳмад Ҷалолӣ таъсис шуд. Ба ин муносибат Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
Лентаи хабарҳо
0