Тавлиди чарс дар Афғонистон қонунӣ мешавад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкНаркопритон в Кабуле, архивное фото
Наркопритон в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Обуна шудан
Як мақоми муваззаф ба мубориза бо маводи мухаддири Вазорати дохилаи толибон бо масъулини ширкати “Cpharm” дар заминаи эҷоди корхона пардозиши чарс дар Афғонистон тавофуқ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Саид Хустӣ, сухангӯи толибон дар саҳифаи "Твиттер"-и худ навишт, ки ширкати "Cpharm" мехоҳад дар Афғонистон як корхонаи пардозиши чарс бунёд кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Масъулони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилӣ бо намояндагони ширкати “Cpharm” дидор намуданд. Ширкати мазкур мехоҳад як корхонаи пардозиши чарс дар Афғонистон бисозад, ки бо эҷоди ин ширкат, тамоми пардозиши чарс дар Афғонистон марбути ин ширкат хоҳад шуд", - навиштааст вай.
Хустӣ гуфтааст, ширкати “Cpharm” бо бунёди ин корхона аз чарси тавлидшуда дар Афғонистон дар сохти адвияҷот ва як навъ крем истифода хоҳад кард.
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод
Сухангӯи Вазорати умури дохилии толибон ба нақл аз намояндаи ширкати “Cpharm” навиштааст: “Акнун дар ҳар ҷариби замине дар Афғонистон чарс кошта мешавад ва ин ширкат барои 30 ҷариб замин ба манзури кишти чарс ниёз дорад ва дар ин бахш қарор аст, ин ширкат 450 миллион доллар сармоягузорӣ кунад”.
Қобили зикр аст, ки тамоми марҳилаҳои қарордод бо ширкати номбурда такмил шуда ва дар рӯзҳои наздик ин пружа расман оғоз хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0