Душанбе аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон хабар дод

© Sputnik / Амир ИсаевПограничники на таджикско-афганской границе
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон аз афзоиши мавориди қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ аз Афғонистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва иктишофии кишварҳои узви ИДМ дар Маскав дар робита ба афзоиши таҳдидҳо аз Афғонистон суҳбат кард.
Ба гуфтаи Ятимов, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар чанд моҳи охир ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

"Мо тавсеаи талошҳо барои қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангиро эҳсос мекунем, аз ин рӯ Тоҷикистон воқеан чунин мавқеъро пеш гирифтааст - бояд 24 соат омода буд ва шабу рӯз кор кард", - гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ.

Илова бар ин ӯ тавзеҳ дод, ки вазъи кунунӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ИДМ-ро таҳдид мекунад.
Ин махсусан метавонад ба кишварҳое, ки аҳолии мусулмон доранд, таъсир расонад, гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ятимов, "талоши мушаххас"-и террористон вуҷуд дорад, ки аз дини ислом барои ноором кардани вазъ дар минтақа истифода мекунанд.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Ятимов: Вазъи Афғонистон тамоми ИДМ-ро таҳдид мекунад
Вазъ дар Афғонистон авоили моҳи август, замоне муташанниҷ шуд, ки "Толибон" (ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон бештар ва дар 15 август қудрат дар Кобулро тасарруф кард.
Президенти пешини ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор ва низоми қаблӣ пурра суқут намуд.
"Толибон" (созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) аввали моҳи сентябр кобинаашро эълон кард, ки ин иқдом боиси эътирозҳо гашт ва бинобар ҳамашумул набудани он то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё ҳукумати толибонии Афғонистонро ба расмият нашинохтааст.
Лентаи хабарҳо
0